Мо метавонем силро мағлуб кунем!-мусоҳиба бо профессор Октам Бобохоҷаев

Ҳамасола 24 март Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил  қайд карда мешавад, ки ҳадафи он огоҳӣ, пешгирӣ ва табобати ин бемории сироятӣ, вале табобатшаванда мебошад. Хабарнигори нашрияи “Паёми шифо” ба ин муносибат доир ба дастовардҳои Тоҷикистон, мушкилот ва дурнамои пешгириву табобати сил бо профессор Бобохоҷаев Октам Икромович, доктори илмҳои тиб, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба бемориҳои сил, мудири кафедраи фтизиопулмонологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мусоҳибае анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамоем.

– Имсол бо ибтикори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи бемории сил бо шиори «Бале! Мо метавонем силро мағлуб кунем!» таҷлил мегардад. Аз нигоҳи Шумо ҳамчун сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Тоҷикистон то чӣ андоза ба ин ҳадафи глобалӣ наздик шудааст?

– Қаблан, миннатдории худро ба ҳамаи ҳамкасбону ҳамкорон иброз медорам, ки ҳар рӯз бо ин беморӣ мубориза мебаранд ва дар расидан ба ҳадафҳо саҳми хешро мегузоранд.

Маврид ба зикр аст, ки айни замон Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи ҷаҳонии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешравиҳои назаррас ба даст овардааст. Мувофиқи маълумотҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, сатҳи ҳодисаҳои сил дар кишвар аз солҳои 2010-ум то имрӯз қариб ду маротиба коҳиш ёфтааст ва солҳои охир дар самти мубориза бо сил ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Паст шудани сатҳи беморшавӣ ва беҳтар шудани дастрасӣ ба ташхису табобат нишон медиҳанд, ки мо дар роҳи дуруст қарор дорем. Албатта, ҳанӯз ҳам мушкилот вуҷуд доранд, махсусан вобаста ба шаклҳои ба доруҳо устувор, аммо бо назардошти иқдомҳои давлатӣ ва дастгирии шарикони байналмилалӣ метавон гуфт, ки Тоҷикистон ба ҳадафи глобалӣ тадриҷан наздик шуда истодааст.

Мо ба шиори имсолаи «Бале! Мо метавонем силро мағлуб кунем!» қавӣ эътимод дорем, зеро барномаҳои миллӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва сатҳи баланди самаранокии табобат (92%) нишон медиҳанд, ки ҳадафҳои 2030 комилан воқеӣ буда, на танҳо ба ҳадафи глобалӣ наздик шудаем, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз пешсафҳо ҳастем.

– Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, сатҳи ҳодисаҳои сил  дар Тоҷикистон дар соли 2023 тақрибан 76 – 79 ҳолат дар 100 000 аҳолӣ аст. Ин пешравии назаррас ба кадом омилҳои асосӣ, барномаҳои миллии ҳифзи аҳолӣ, такмили ташхис ё ҳамкории байналмилалӣ вобаста аст?

– Бале, боиси қаноатмандист, ки барои расидан ба ин  ҳадаф татбиқи барномаҳои миллии мубориза бо сил, ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхис, аз ҷумла ташхиси молекулавӣ ва беҳтар шудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ нақши калидӣ бозидаанд. Аввалан, тадбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2021–2025 ва омодагии қабули барномаи нав барои солҳои 2026–2030, имконияти дарёфти нафарони ба сил гумонбар тариқи скрининги фаъол, ташхисро бо усулҳои муосир, ҳаҷми баланди ташхиси микробиологӣ ва скрининги фаъолро табобатро бо истифода аз реҷаҳои кӯтоҳмуддат васеъ намуд. Дуюм, ҳамкории байналмилалӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи глобалӣ ва шарикони дигар маблағгузорӣ ва дастрасӣ ба таҷҳизоти муосирро таъмин кард. Сеюм, омӯзиши доимии мутахассисон ва ҷорӣ намудани стандартҳои ҷаҳонӣ дар ҳамаи марҳилаҳои муолиҷа нақши калидӣ бозиданд, ки дар натиҷа, ҳолатҳои ошкорнашуда коҳиш ёфтанд ва сатҳи ҳодисаҳо ба 76 – 79 ҳолат дар 100 000 аҳолӣ расидаст.

Ҳамзамон бояд илова кард, ки бо назардошти васеъ намудани имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба хизматҳои зиддисилӣ дар қиёс бо соли 2014, ки  5935 ҳодисаҳои нави бемории сил ба қайд гирифта шуда буд, аллакай дар соли 2016 – 5241, дар соли 2019 – 5159 ва дар соли 2024 – 4147 нафар бемор ба қайд гирифта шудааст, ки яъне дар тулли 10 сол шумораи ҳодисаҳои нави бемории мазкур зиёда аз 30% кам шудааст.

– Тибқи маълумоти оморӣ натиҷаи табобати ҳолатҳои нави сил дар кишвар 92% мебошад. Ин нишондиҳандаи баланд чӣ гуна ба даст омаданд ва дар самти табобати шаклҳои ба доруҳо устувор чӣ пешравиҳо ба назар мерасанд?

– Барои ноил шудан ба ин дастоварди муҳим, пеш аз ҳама, усули табобати назоратшаванда (DOTS)-ро пурра ҷорӣ кардем, ки беморонро то охирин рӯз таҳти назорат қарор доранд. Ҳамин тариқ, самаранокии бемории сили шаклҳои ба доруҳои зиддисилӣ ҳассос ба 92% расидааст, ки аз меъёрҳои аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ муқаррар намуда, хело баландтар мебошад. Барои шаклҳои муқовимат ба доруҳо (MDR-TB) мо доруҳои навтарин ва реҷаҳои кӯтоҳмуддати 6 ва 9 -11 моҳаро (ба ҷойи 20-24 моҳа)  ҷорӣ кардем. Ҳамкории байналмилалӣ имкон дод, ки дастрасӣ ба ин доруҳо 100% таъмин шавад. Дар натиҷа, сатҳи шифоёбӣ дар шаклҳои муқовимат низ аз 70% боло рафтааст ва ҳолатҳои марговар коҳиш ёфтаанд. Инчунин, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва дастгирии иҷтимоии беморон нақши муҳим дорад.

– Яке аз мушкилоти ҷиддии мубориза бо сил, стигма (доғгузорӣ) нисбат ба беморон мебошад. Ба назари Шумо, чӣ гуна метавон ин муносибати манфиро дар ҷомеа тағйир диҳем ва аҳолиро ба муроҷиати саривақтӣ ҳавасманд созем?

 – Бале, бояд иқрор шуд, ки стигма (доғгузорӣ) ҳанӯз ҳам яке аз монеаҳои ҷиддии бахши силшиносӣ аст, аммо метавонем онро тавассути тарғиботи оммавӣ, вохӯриҳо дар мактабу ҷомеа ва иштироки беморони шифоёфта тадриҷан барҳам диҳем. Яъне барои бартараф кардани он мо бояд маърифати аҳолиро баланд бардорем, тавассути ВАО ва барномаҳои омӯзишӣ маълумоти дуруст пешниҳод намоем. Муҳим аст, ки ҷомеа дарк кунад, ки сил бемории табобатшаванда аст ва шахсони ба сил гирифторшуда ниёз ба дастгирӣ доранд, на ба канорагирӣ. Ҳар шахсе, ки аломатҳои бемории силро дорад, бояд бидонад, ки муроҷиати саривақтӣ ҳаётро наҷот медиҳад ва ҳеҷ гуна доғе надорад. Ҷомеа бояд беморонро дастгирӣ кунад, на онҳоро ҷудо созад.

Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки дар самти мазкур ба мо нафарони  қаблан бемории силро аз сар гузаронидаанд, фаъолони дин ва дигар ситораҳои фарҳанги тоҷик кӯмаки назаррас мерасонанд, чунки ҷомеа бештар ва осонтар ба онҳо ихлос доранд ва тавсияҳои онҳо бештар ҳадафрас мебошанд.

– Чуноне, ки огаҳ ҳастем, Тоҷикистон дар ташаббуси минтақавии «Осиёи Марказӣ бидуни сил» фаъолона иштирок мекунад. Ин ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя чӣ натиҷаҳо додааст ва барои давраи солҳои 2026–2030 чӣ нақшаҳои стратегӣ пешбинӣ шудаанд?

– Воқеан, Тоҷикистон дар ташаббуси минтақавии “Осиёи Марказӣ бидуни сил”, ки соли 2025 бо иштироки кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва дастгирии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оғоз гардид, фаъолона иштирок мекунад. Ин ҳамкорӣ таҷрибаи ташхис ва табобатро мубодила карда, назорати марзҳои муштаракро таҳким мебахшад ва лоиҳаҳои муштаракро амалӣ менамояд. Натиҷаи он коҳиши умумии ҳодисаҳо дар минтақа ва ҷорӣ шудани реҷаҳои муосир мебошад. Барои солҳои 2026–2030 мо нақша дорем, ки реҷаҳои навтарини табобат, васеъ кардани скрининги рақамӣ, таъмини 100% дастрасӣ ба доруҳои муқовиматӣ ва ҳадафи коҳиш додани ҳодисаҳо то 50 ҳолат дар 100 000 аҳолиро ҷорӣ намоем. Чунин ҳамкории минтақавӣ моро ба ҳадафи умумӣ, яъне силро ҳамчун таҳдиди ҷамъиятӣ барҳам додан  наздиктар мекунад.

– Ҳамчун мутахассиси пешбари соҳа, ба аҳолии кишвар чӣ тавсияҳои мушаххас медиҳед? Аломатҳои аввалини бемории силро чӣ гуна метавон шинохт ва чаро идома додани табобат то охирин рӯз зарур аст?

– Ба аҳолии кишвар тавсия медиҳам, ки агар дар оила ё атроф бемори сил бошад, пас  ҳар сол ба воситаи муроҷиат ба табиби оилавии худ флюорография ё ташхиси профилактикӣ тариқи гузаронидани пробаи Манту гузаред. Маъмулан аломатҳои аввалини беморӣ, сулфаи тӯлонӣ (зиёда аз 2 ҳафта), табъи паст ё баланд, арақкунии шабона, лоғаршавӣ, хастагии доимӣ ва кам шудани иштиҳо мебошад. Агар чунин аломатҳо пайдо шаванд, фавран ба наздиктарини Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил муроҷиат кунед, зеро ташхис ва дарёфти саривақтӣ ҳаётро наҷот медиҳад. Муҳим аст, ки табобат то охир идома дода шавад, зеро қатъ кардани барвақти он метавонад ба пайдоиши шаклҳои ба доруҳо устувор оварда расонад, бемориро вазнинтар кунад ва саломатии дигаронро зери хатар гузорад. Сил пурра муолиҷа мешавад, агар табобати қатъӣ риоя карда шавад.

– Лутфан бигуед, ки дар ояндаи наздик, яъне то соли 2030 ҳадафи асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мутахассисони соҳа дар мубориза бо бемории сил чист? Оё мо воқеан метавонем силро ҳамчун таҳдиди ҷиддии ҷамъиятӣ ба таври назаррас коҳиш диҳем ё ҳатто ба ҳадафҳои бештаре ноил гардем?

– Ҳадафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мутахассисони соҳа дар мубориза бо бемории сил соли 2030 коҳиш додани ҳодисаҳои гирифторшавӣ ба беморӣ ва барҳам додани сил ҳамчун мушкилоти ҷиддии ҷамъиятӣ аст. Бо татбиқи Барномаи миллии нав барои солҳои 2026–2030, таҳкими ташхисҳои молекулавӣ, васеъ кардани пешгирӣ дар гурӯҳҳои осебпазир (кӯдакон, муҳоҷирон, беморони ВНМО) ва ҳамкории минтақавӣ мо метавонем силро ҳамчун таҳдид ба таври назаррас коҳиш диҳем. Ман боварӣ дорам ва ҷонибдори шиори: “Бале! Мо метавонем силро мағлуб кунем!” ҳастам. Чун ин ҳадаф на танҳо ҷаҳонӣ, балки миллӣ ва минтақавӣ аст. Ҳадафи асосии мо коҳиш додани сатҳи беморшавӣ ва фавт аз сил то ҳадди имкон буда, бо татбиқи стратегияҳои муосир, тақвияти низоми тандурустӣ ва иштироки фаъоли ҷомеа, мо метавонем силро ҳамчун таҳдиди ҷиддии ҷамъиятӣ ба таври назаррас коҳиш диҳем. Ман боварӣ дорам, ки бо талошҳои муштарак мо ба ин ҳадаф ноил хоҳем шуд.

Изҳори сипос барои чунин як суҳбати тахассусӣ ва пурмуҳтаво!

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Вохурӣ бо роҳбари навтаъйини намояндагии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото

Search