Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аввалини Кумитаи муштараки роҳбарӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба муаррифии Нақшаи татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар соҳаи тандурустӣ баргузор гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, кордори Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Карсон Релитз Рокер, намояндагони як қатор ваорату идораҳо ширкат варзиданд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди шарикии стратегӣ бо Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар соҳаи тандурустӣ аҳамияти махсус медиҳад ва омода аст, ки дар доираи принсипҳои масъулияти муштарак ва шаффофият татбиқи ин равандро фаъолона пеш барад.

Дар ин замина, зикр гардид, ки санаи 06 апрели соли 2026 Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва кордори Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Карсон Релитз Рокер ба имзо расид.
Имзои ин санади муҳим боз як марҳилаи нави ҳамкориҳои шариконаи ду кишварро оғоз намуда, заминаи устуворро барои таҳкими амнияти саломатӣ, рушди низоми тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии кишвар ба таҳдидҳои мавҷуда ва ояндаи соҳаи тандурустӣ фароҳам овард.
Қайд гардид, ки нақшаи татбиқи Ёддошти мазкур дар се марҳилаи пайдарпай амалӣ мегардад. Марҳилаи якум соли 2026-ро дарбар гирифта, ба арзёбии миллӣ, таҳияи заминаҳои меъёрӣ, стандартикунонии равандҳо, рушди меъмории рақамӣ ва банақшагирии ҳамгироии низомҳои мавҷуда равона мешавад.

Марҳилаи дуюм соли 2027-ро фаро гирифта, ба амалисозии таҷрибавӣ ва густариши низомҳои ҳамгирошуда дар ноҳияҳои мақсаднок равона мегардад.
Марҳилаи сеюми татбиқи нақша бошад, солҳои 2028–2029-ро дарбар хоҳад гирифт.
Бояд гуфт, ки масъулияти асосии ҳамоҳангсозии татбиқи нақша ба зиммаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гашта, вазорат роҳбарии стратегӣ, ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, назорати иҷроиши нишондиҳандаҳо ва ҳамгироии фаъолиятҳоро таъмин хоҳад намуд.

Дар идомаи ҷаласа як қатор аъзоёни Кумитаи муштараки роҳбарӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка фикру пешниҳоди худро ҷиҳати татбиқи Нақшаи татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар соҳаи тандурустӣ иброз доштанд.



