Мулоқот бо намояндагони Хазинаи глобалӣ дар Тоҷикистон

18-уми сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони Хазинаи глобалӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар мулоқот инчунин муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори зерсохтори вазорат ширкат намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зимни вохурӣ аз ҳамкориҳои дуҷонибаи вазорат бо ин ташкилоти бонуфӯз изҳори қаноатмандӣ намуда, дар ин замина барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат ба роҳбарияти Хазинаи глобалӣ миннатдорӣ баён кард.

Қайд гардид, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои сил, ВНМО ва вараҷа дар маҷмӯъ вазъи эпидемиологӣ, инфрасохтори асосӣ, заминаи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии шабакаи муассисаҳои тандурустии кишвар беҳтар гардиданд.

Дар идомаи вохурӣ ҳамзамон ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо, доир ба лоиҳаи “Қатъи эпидемияҳои ВНМО ва сил тавассути мудохилаҳои ба далелҳо асосёфта ва равишҳои инноватсионӣ, бо таваҷҷӯҳ ба аҳолии калидӣ ва осебпазир” ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар ин самт иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search