Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи аввали соли 2025

14-уми июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2025 ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирии пойтахт ва сардорони як қатор раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Нахуст дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода вобаста ба фаъолияти ниҳоди мазкур дар 6 моҳи аввали соли 2025 маърӯза намуд.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандони соҳаи тандурустии пойтахти мамлакат дар партави таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  фаъолияти хешро баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ равона сохта, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар ин самт пешниҳодгашта аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд.

Зимни баромади хеш номбурда доир ба фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва зерсохторҳои он дар давраи ҳисоботӣ,  дастовардҳо ва дар умум вазъи соҳа дар пойтахти мамлакат маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Дар идомаи ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода доир ба масъалаву мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳаи тандурустии пойтахт суханронӣ намуд.

Баъдан, вазъ ва дурнамои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ҳолати феълии хизматрасонӣ дар самти ёрии таъҷилии тиббӣ, мубориза алайҳи бемориҳои ВНМО,  сил ва дигар масъалаҳо дар кори ҷаласа мавриди муҳокимаи амиқ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамзамон як қатор масъалаҳои мубрами дигар, аз қабили пешгирии хуруҷи бемориҳои сироятии мавсимӣ, пурзӯр намудани тадбирҳои саривақтӣ дар самти таъмини солимии занони ҳомила, пешгирии фавти модару кӯдак, раванди иммунизатсияи кӯдакон, вазъи таъминоти кадрии муассисаҳои соҳавӣ, рақамикуононии соҳа, назорати беморон, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар самти пешгирии бемориҳои гуногун  ва ғайраҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати  барномаҳои давлатии  дар соҳаи тандурустӣ амалкунанда ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба масъулини Раёсати тандурустӣ ва муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search