Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Санаи 18-уми  ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2021-2025 ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён, шарикон оид ба рушд, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат иштирок намуданд.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зимни суханронии ифтитоҳӣ ба шарикон оид ба рушд баҳри дастгирӣ ва татбиқи барномаи мазкур аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар изҳори миннатдорӣ баён карда, доир ба дастовардҳои барнома мухтасар баромад кард.

Баъдан, як қатор шарикон оид ба рушд низ вобаста ба рафти иҷрои барномаи номбурда дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ба ҳозирин маълумот пешниҳод карданд.

Ёдовар мешавем, ки Барномаи рушди тандурустӣ  дар Тоҷикистон таҳти шиори “Солимии ҳеҷ кас беаҳамият нахоҳад монд” солҳои 2021 ва 2025 амалӣ мешавад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search