Навгонӣ. Дар Тоҷикистон бори аввал ҷарроҳии саратони ғадуди простата бо усули эндоскопӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар табобати саратони ғадуди простата бо усули эндоскопӣ бомуваффақият амалӣ гардид.

Директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Муродзода Акбар Исматулло иттилоъ дод, ки бо ин усули нав ба 5 нафар беморони гирифтори саратони ғадуди простата ҷарроҳии простатэктомия гузаронида шуд.

Ба гуфтаи номбурда, то ҷори гардидани усули эндоскопӣ табобати ҷарроҳии саратони ғадуди прастата асосан бо усули анъанавии кушода гузаронида мешуд. Дар ин намуди ҷарроҳӣ буриши калон анҷом дода шуда, бо осеби зиёди бофтаҳо, хунравии нисбатан зиёд ва давраи тӯлонии барқароршавии беморон анҷом меёфт. Беморон баъди ҷарроҳии анъанавӣ муддати зиёд дар беморхона бистарӣ шуда, хатари пайдоиши оризаҳои баъдиҷарроҳӣ низ баландтар буд.

Бо ҷори намудани усули эндоскопии ҷарроҳӣ имкониятҳои табобати саратони ғадуди прастата ба сатҳи нав баромаданд. Ин усул бо буришҳои хурд анҷом дода шуда, хунравӣ ва осебнокии бофтаҳоро ба ҳадди ақал мерасонад. Дар натиҷа, дарди баъди ҷарроҳӣ камтар буда, муҳлати бистаришавӣ кутоҳ (6–7 шабонарӯз) мегардад ва беморон зудтар ба ҳаёти муқаррарӣ бармегарданд. Илова бар ин, усули эндоскопӣ самаранокии баланди онкологӣ дошта, хатари оризаҳои баъдиҷарроҳиро коҳиш медиҳад.

Хушбахтона, пас аз амалиёти нави ҷарроҳӣ ҳолати беморон қаноатбахш буда, вазъи саломатии онҳо муътадил мебошад.

Барои ташхиси барвақт ва дақиқи бемории саратони ғадуди простата усулҳои таҳлили ПСА (антигени махсуси простата) ҳамчун тести скринингӣ, муоинаи ангуштии рудаи рост бо палмосидани ғадуди простата ва гузаронидани биопсия аз омоси ғадуди простата истифода мешаванд.

Боиси зикр аст, ки имрӯзҳо ҳамқадам бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ табобати ҷарроҳии бемориҳои саратон бо усулҳои каминвазивӣ ба роҳ монда шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нишасти кории Платформаи минтақавӣ оид ба таҳкими иқтидор ва шарикӣ дар соҳаи ғизо барои кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ доир гашт

Мизи мудаввар оид ба пешгирии зукоми мавсимӣ

Вохурии Ҳабибулло Хайруллозода бо JICA

Табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистону Италия дар самти гузаронидани амалиётҳои мураккаби ҷарроҳии дил

Дастгирии табақаҳои ниёзманд-дар маркази таваҷҷуҳ

Вохурии техникӣ оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ

Search