Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Имрӯз, 28-уми январи соли равон дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсату шуъбаҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, марказҳои ҷумҳуриявӣ ва 45 нафар намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Тибқи тартиби муқарраргардида, нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2025 мухтасар маълумот дод.

Қайд гардид, ки кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар давоми соли 2025 фаъолияти хешро дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, баҳри боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гаштанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 муассисаи тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар маҷмуъ, дар ин давра, бо мақсади беҳтаркунии инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ аз ҳама сарчашмаҳо 113 муассисаи тиббӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони 83 муассисаи дигар (57 муассисаҳои КАТС, 26 муассисаҳои госпиталӣ) идома дорад. Инчунин, дар ин давра 301 муассиса (210 муассисаҳои КАТС ва 91 муассисаҳои госпиталӣ) таъмир гардида, дар 59 муассисаи дигар (47 муассисаи КАТС, 12 муассисаи госпиталӣ) таъмири асосӣ ҷараён дорад.

Мусаллам аст, ки амалисозии ислоҳоти соҳа ҳамкории зичро бо шарикон оид ба рушд талаб менамояд. Дар ин раванд боиси қайд аст, ки айни ҳол дар назди вазорат – 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ фаъолият намуда истодааст.

Бояд гуфт, ки дар ин давра дар кишвар 203563 амалиёти ҷарроҳии беморхонавӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10% зиёд мебошад ва шумораи ҷарроҳиҳои миниинвазивӣ 28624 ададро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба соли 2024 18,6% бештар аст.

Бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, фаъолият дар самти мазкур идома ёфта, дар соли 2025 ба 330 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд. Аз ин шумора пайвандсозии гурда -222 адад ва пайвандсозии ҷигар 108 ададро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ ба 95 нафар беморони хориҷӣ амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст.

Тавре зикр гардид, дар соли 2025 аз ҷониби табибони ватанӣ 72 навгониҳо ворид карда шудааст, ки аз инҳо -14 навгонӣ дар самти ташхис ва 58 навгонӣ дар самти табобат мебошанд.

Усулҳои нави воридгашта бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ гузаронида шуда, муҳлати табобат ва бистарии беморонро дар беморхона кам мекунанд ва ин имкон медиҳад, ки онҳо зудтар шифо ёбанд.

Мувофиқи маълумотҳои омори оперативӣ соли 2025 дар ҷумҳурӣ 264 913 нафар зиндатаваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024 1 496 нафар зиёд мебошад.

Дар ин давра ҳамзамон 273 502 нафар ҳомиладорон ба қайди назорати антенаталӣ гирифта ва 94 312 нафар шахсони никоҳшаванда аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.

Инчунин, соли гузашта дар кишвар ба 109 346 нафар кӯдакон амалиёти хатна гузаронида шуд.

Таҳлилу омўзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар соли 2025 муайян намуд, ки дар натиҷаи гузаронидани маҷмўъи чорабиниҳои пешгирию ташхисӣ ва маҳдудкунонӣ авҷи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла гулузиндонак, фалаҷ, гулафшон, вабо, тоун, лептоспироз, сирояти салмонеллёзӣ ва домана ба қайд гирифта нашудааст.

Дар давраи мазкур аз ҷониби мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 7700 иншоотҳои гуногун санҷишҳои санитарии ҷорӣ гузаронида, барои риоя накардани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ нисбати 13096 нафар шахсони масъул протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар соли 2025 дар умум 24579 мутахассисон, аз ҷумла 500 нафар дар муассисаҳои соҳавии хориҷи кишвар аз таҳсили баъдидипломӣ гузаштанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9571 нафар зиёд аст.

Дар шўроҳои диссертатсионии фаъолият дошта бошад, 75 рисолаҳои номзадӣ ва 12 рисолаҳои докторӣ ҳимоя карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 7 рисолаи номзадӣ ва 7 рисолаи докторӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра 165 иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда дода шуда, миқдори муассисаҳои фарматсевтӣ 3492 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 150 адад зиёд мебошад.

Давоми соли 2025 муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии зерсохторҳои Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 37665 нафарро ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ фаро гирифтаанд, ки 11863 нафарашон кӯдакони имконияташон маҳдуд мебошанд.

Дар маҷмуъ, соли 2025 ба 1 млн 752 ҳазор оилаҳо аз табақаҳои ниёзманд кумакпулӣ ва хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шудааст.

Баъдан, бахши саволу ҷавоб баргузор гашта, аз ҷониби рӯзноманигорон беш аз 20 савол пешниҳод гардид, ки дар навбати худ роҳбарияти вазорат ба ҳамаи онҳо посухҳои мушаххас дод.

Нишасти матбуотии вазорат 1 соату 30 дақиқа идома ёфт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Боздиди масъули вазорат аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search