Низомнома

Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 148
тасдиқ шудааст

Низомномаи
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии
Тоҷикистон (минбаъд – Вазорат) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои таҳия ва татбиқи
сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии
фаъолият дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъул аст.
2. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии
Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии
эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
3. Вазорат, воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ ва вазоратҳои (идораҳои) ҷумҳурӣ системаи ягонаи
идораи давлатиро ташкил медиҳанд, ки татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро
дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин менамоянд.
4. Вазорат фаъолияти дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, корхонаҳо
ва ташкилотҳоро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ,
инчунин фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро
вобаста ба масъалаҳои доираи салоҳияти худ, ҳамоҳанг месозад.
5. Иҷрои стандартҳо, муқаррарот ва меъёру санадҳое, ки Вазорат
дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо тартиби
муқарраргардида таҳия ва тасдиқ намудааст, барои вазорату идораҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,
корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шакли
моликият ва тобеияти идоравӣ, инчунин барои шахсони воқеӣ ҳатмӣ
мебошад.

2. Ваколатҳо

6. Вазорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳои зеринро
амалӣ менамояд:
– ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаҳои татбиқи сиёсати
ягонаи давлатӣ ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии фаъолият дар
соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод мекунад;
– номгӯи мансабҳо ва ихтисосҳоро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ таҳия ва қабул менамояд;
– тартиби гузаронидани аттестатсия ва сертификатсиякунонии
мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва фарматсевтиро сарфи назар аз шакли
моликият ва тобеияти идоравӣ муайян менамояд;
– тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони соҳаи ҳифзи
иҷтимоии аҳолиро тасдиқ менамояд;
– тартаби гузаронидани экспертиза, назорати истеҳсол, фурӯш,
нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи маводи доруворӣ, аз ҷумла маводи
нашъадор ва моддаҳои ба он баробаркардашуда, ваксина ва зардобаҳо,
техникаи тиббӣ, маҳсулоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маводи
ғизоии табобатию пешгирӣ, ғизои иловагӣ ва маводи ороишӣ дар
корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, сарфи аз назар моликият ва
тобеияти идоравӣ, феҳристи доруномаҳоро тасдиқ менамояд;
– муқаррар намудани тартиби расонвдани кӯмаки тиббию санитарӣ,
беморхонавӣ, фарматсевтӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон дар
муассисаҳои давлатии тиббӣ, фарматсевтӣ ва хадамоти ҳифзи иҷтимоии
аҳолӣ, гузаронидани муоинаҳои тиббӣ ва тиббию генетикӣ, равона кардани
эҳтиёҷмандон ба табобати санаторию курортӣ, муайян кардани иҷозат ё
манъи табобат дар курортҳо ва санаторияҳои ҷумҳурӣ, номгӯи бемориҳое,
ки ҳангоми мавҷудияти онҳо аз муоина ва табобат даст кашидани
шаҳрвандон ва намояндаҳои қонунии онҳо манъ аст;
– тасдиқ намудани номгӯи нишондодҳои тиббӣ ва тартиби
гузаронидани тамизкунии тиббӣ (ҷарроҳӣ), номгӯи нишондодҳои тиббӣ
барои ба таври сунъӣ қатъ намудани ҳомиладорӣ, мӯҳдатҳои ҳомиладорӣ ва
тартиби гузаронидани ҷарроҳии ба таври сунъӣ қать намудани ҳомиладорӣ;
– тартиби гузаронидани тадбирҳои махсуси пешгирии бемориҳое, ки
барои атрофиён хавфноканд, номгӯи усулҳои мураккаби ташхис ва муолиҷа,
ки ҳангоми онҳо розигии хаттии беморон ё намояндагони қонунии онҳо
зарур мебошад, тасдиқ менамояд;
– тартиби гузаронидани озмоишҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ,
истифодаи усулҳои муосир ва пешқадами ташхис ва муолиҷа, додани
рухсатнома барои гузаронидани озмоиши клиникиро тасдиқ менамояд;
– тартиби муайян намудани лаҳзаи марги одам, қатъи чорабиниҳои
наҷотбахшӣ, муайян кардани тартиби гузаронидани ташреҳи патологию
анатомиро тасдиқ менамояд;
– тартиби расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ ва иҷтимоӣ ба
шаҳрвандоне, ки бо тарбияи ҷисмонию варзиш машғуланд, ташкили кӯмаки
муолиҷавию пешгирӣ дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабии кӯдаконаро
муайян менамояд;
– тартиб, намуд ва ҳаҷми кӯмаки тиббию санитарӣ ва иҷтимоӣ ба
шаҳрвандони мубталои бемориҳои аз назари иҷтимоӣ аҳамиятнок бударо
муайян менамояд;
– тасдиқи тартиб ва таъмини сиёсати ягона дар соҳаи саноати
тиббию фарматсевтӣ ва маснуоти протезию ортопедӣ;
– талаботро нисбат ба маҳсулоти таъиноти тиббию санитарӣ,
фарматсевтӣ, протезию ортопедӣ ва дигар воситаҳои техникии ҳаракаткунӣ
тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ менамояд;
– тартиби муқарраргардонии низоми баҳисобгирии оморӣ ва
ҳисоботдиҳиро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии аҳолӣ таҳия ва
тасдиқ менамояд;
– тартиби назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, дар доираи
салоҳиятҳои худ гузаронидани чорабиниҳои бехатарии экологию
радиатсионӣ, ҳифзи муҳити зист, инчунин муҳофизати санитарии қаламрави
ҷумҳуриро амалӣ менамояд;
– тартиби гузаронидани экспертизаи корношоямии муваққатии
шаҳрвандон, инчунин экспертизаи судию равонӣ ва судию тиббиро амалӣ
менамояд;
– тартиби ташкил намудани қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва равон
кардани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар барои ташхис, муолиҷа ва
тавонбахшии тиббию иҷтимоиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
– тартиби сироятнопазир кардани (иммунизатсияи) аҳолиро муайян
менамояд;
– тартиби воқеъ будани шахсон дар муассисаи тиббӣ вобаста ба
нигоҳубини кӯдаки бемор, иҷозат ё манъи додани доруворӣ, тартиби
интихоб ва равона кардани кӯдакон барои муолиҷаи санаторию курортиро
таҳия ва тасдиқ менамояд;
– тартиби гузаронидани пайвандсозии узв ва бофтаҳои як шахс ба
шахси дигар, ҳомиладории сунъӣ ва ҷойгиркунии сунъии ҷанин ба
бачадонро таҳия ва тасдиқ менамояд;
– тартиби расонидани кӯмаки контрасептивӣ ба гурӯҳҳои ихтиёрии
аҳолиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
– тартаби гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои
таълимии тиббию фарматсевтиро, сарфи назар аз шакли моликият ва
тобеияти идоравиашон, ба истиснои озмоишгоҳҳо ва мақомоти
сертификатсиякунонии соҳаи баҳодиҳии мутобиқат, муайян менамояд;
– тартиби аттестатсияи кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
– тартиби ба фаъолияти тиббию фарматсевтӣ машғул шудани шахсоне,
ки дар муассисаҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ зинаҳои гуногуни
таҳсилоти тиббию фарматсевтиро гузашта, соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ
оид ба таҳсилот шудаанд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
– тартиб ва талаботи додани сертификати мутахассисро ба шахсоне,
ки бо фаъолияти тиббию фарматсевтӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ машғул
мебошанд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
– тартиби таҳсилоти баъдидипломии мутахассисони тиббию
фарматсевтӣ (интернатура, ординатура, такмили ихтисос, бозомузӣ,
ихтисосгирии аввалия) ва кори иҷтимоиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
– тартиби бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи ҳифзи
иҷтимоии аҳолиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
– тартиби гузаштани таълими истеҳсолӣ ва коромӯзии амалии
донишҷӯён ва шунавандагонро дар муассисаҳои табобатӣ, таълимӣ ва илмии
соҳаи тандурустӣ муайян менамояд;
– тартиб ва шароити донор буданро муайян менамояд;
– номгӯи шахсоне, ки бояд ба таври имтиёзнок бо доруворӣ, мавод
ва асбобҳои ортопедию протезӣ, воситаҳои саҳеҳкунанда беҳтаршунавоӣ ва
дастгоҳҳои шунавоӣ, воситаҳои варзишии табобатӣ таъмин карда шаванд,
инчунин шароит ва тартиби таъминот бо онҳоро муайян менамояд;
– номгӯи вазифаҳо ва касбҳое, ки барои ба онҳо машғул шудан
маъюбон афзалият доранд, инчунин номгӯи маҳсулот ва хизматрасониҳоеро,
ки истеҳсоли онҳо ба таври афзалиятнок ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии
маъюбон ва корхонаҳои онҳо пешниҳод мешавад, муайян мекунад;
– аудити дохилии истифодаи мақсаднок ва самараноки истифода
бурдани маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ,
муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетии системаи Вазоратро амалӣ менамояд;
– оид ба такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии оила,
занон ва кӯдакон, пиронсолон, собикадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва
собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, шахсони ба
онҳо баробаркардашуда, маъюбонро, таҳия ва пешниҳод менамояд;
– оид ба такмил додани тартиби кӯмакҳои иҷтимоӣ, махсусан унвонӣ
гардонидани таъин ва пардохти кӯмакҳо ва ҷубронпулиҳо ба аҳолии
камбизоат таклифҳо таҳия мекунад;
– барномаҳои давлатии дастгирии иҷтимоии табақаи камбизоатии
шаҳрвандонро таҳия намуда, иҷрои онҳоро назорат мекунад;
– тадбирҳоро оид ба фароҳам овардани шароит барои мутобиқшавии
иҷтимоӣ ва ба ҷомеа ҳамроҳ шудани шахсоне, ки имкониятҳои маҳдуд
доранд, аз ҷумла кӯдакони маъюб таҳия ва амалӣ месозад;
– оид ба ташкил ва рушди хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ
ва системаи давлатии тавонбахшии маъюбон, ба онҳо расонидани кӯмаки
протезию ортопедӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ оид ба проблемаҳои
маъюбӣ ва пешгирии он санадҳои дахддор таҳия менамояд;
– ба шаҳрвандон додани имтиёз ва афзалиятҳоро барои протезкунӣ,
назорат карда, барои зиёд кардани истеҳсол ва такмили технологияи
истеҳсоли маснуоти протезию ортопедӣ, воситаҳои махсуси ҳаракат, рушди
шабакаҳои ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият оид ба истеҳсоли
маҳсулоти протезию ортопедиро мусоидат менамояд;
– якҷоя бо мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ таъсис ва рушди шабакаҳои хадамоти иҷтимоии маҷмӯӣ
ва махсусгардонидашуда, давлатӣ, минтақавӣ, маҳаллӣ ва дигарҳо, аз
ҷумла муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоии аҳолиро ташкил
намуда, ҳамоҳангсозии фаъолият ва таъминоти методии онҳоро амалӣ
менамояд;
– стандартҳои хизматрасонии иҷтимоии аҳолиро таҳия ва тасдиқ
менамояд;
– раҳнамоии методӣ ва назорати фаъолияти хадамоти иҷтимоӣ, аз
ҷумла муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии аҳолиро таъмин менамояд;
– вазъи хизматрасониро дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии
аҳолӣ, таҳлил намуда, ба рушди қисмҳои тиббӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ва
беҳтар намудани фаъолияти тиббӣ ва тавонбахшӣ дар муассисаҳои соҳаи
ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд;
– интихоб ва фиристодани эҳтиёҷмандонро ба табобати осоишгоҳию
фароғатӣ ва дармонгоҳию фароғатӣ амалӣ менамояд;
– омӯзиш ва таҳлили тағйирот дар миқдор ва сифати хизматрасонии
иҷтимоӣ, таъмини пешгӯиҳо доир ба рушди шаклҳои давлатӣ ва дигар
шаклҳои ташкилию ҳуқуқии хадамоти хизматрасонии иҷтимоиро мегузаронад;
– вазифаҳои ихтиёрдори асосии давлатии барномаҳо ва лоиҳаҳои
мақсадноки илмию техникӣ ва сармоягузориро дар соҳаҳои муқарраршудаи
фаъолияти Вазорат амалӣ менамояд;
– экспертизаи иҷтимоии барномаҳои давлатии таҳияшавандаи
мақсаднок ва сармоягузориро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
мегузаронад;
– назорати татбиқи қонунгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла санҷиши дурустии таъинот ва пардохтҳои
дахлдор, ҷубронпулиҳо ва кӯмакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ ба аҳолии
камбизоат, маъюбон ва дигар шаҳрвандонеро, ки дар ҳолати душвори
зиндагӣ қарор доранд амалӣ менамоянд;
– кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоатро
таъмин ва ташкил менамояд;
– дигар ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистонро амалӣ месозад.
7. Вазорат бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи фаъолияти
муқарраргардида ҳуқуқ дорад:
– аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои тиббию фарматсевтӣ ва
хизматрасонии иҷтимоӣ, новобаста ба шакли моликият ва тобеияти
идоравӣ, инчунин шахсони воқеӣ, ки бо фаъолияти хусусии тиббӣ,
фарматсевтӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ машғуланд, маълумоти оморӣ,
пешниҳодҳо, хулосаҳо ва дигар маводи заруриро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ
ва иҷтимоии аҳолӣ дархост намояд ва ба таври ройгон гирад;
– фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои тиббию фарматсевтӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти
идоравӣ оид ба масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи
саломатӣ ва иҷтимоии аҳолӣ ҳамоҳанг созад;
– санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методиро оид ба
масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат дахл доранд, таҳия ва тасдиқ
намояд;
– дар ҷаласаҳои мушовараи Вазорат гузориши намояндагони вазорату
идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидори қаламрави ҷумҳуриро оид ба
масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат дохил мешаванд, баррасӣ кунад;
– оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат дахл доранд,
намоишгоҳҳо, конференсияҳо, машваратҳо, симпозиумҳо, мулоқотҳо ва
дигар чорабиниҳои марбутаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро
ташкил ва баргузории онҳоро амалӣ намояд;
– барои баррасии масъалаҳо дар доираи салоҳияти худ, аз ҷумла бо
иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ шӯроҳо
(комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ) таъсис диҳад;
– тибқи тартиби муқарраргардида оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ,
барҳамдиҳии муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорат ба Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистан пешниҳодҳо манзур намояд;
– оиннома ва низомномаҳои муассисаҳои соҳаи хизматрасонии
иҷтимоиро, ки аз ҷониби дигар мақомоти давлатию ғайридавлатӣ таъсис
дода мешаванд, мувофиқа намояд;
– дар хусуси бекор намудани қарорҳои роҳбарони мақомоти иҷроияи
маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва
иҷтимоии аҳолӣ, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
мебошанд, пешниҳодот манзур намояд;
– оинномаҳо ва низомномаҳои муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи
Вазоратро тасдиқ намояд;
– аз вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ дар бораи маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ маълумот дархост намояд;
– иҷрои созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, барномаю
нақшаҳои бо тартиби муқарраргардида тасдиқшударо дар соҳаи тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назорат намояд;
– таҳқиқотҳои илмиро оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ, тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин муайян намудани эҳтиёҷотро барои
маблағгузории тадқиқоти илмӣ назорат кунад ва ҳамоҳанг созад;
– мониторинги иҷрои барномаҳои тасдиқшударо дар соҳаи ҳифзи
саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронад;
– чорабиниҳоро оид ба ташкили кӯмаки фаврии таббию санитарӣ ва
фарматсевтӣ дар ҳолатҳои фавқулодда таъмин намояд;
– якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сифати
расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ, беморхонавӣ ва дорувориро аз ҷониби
тамоми муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ, новобаста ба шакли моликият
ва шахсони воқеӣ, ки фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтиро анҷом медиҳанд,
назорат намояд;
– фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазоратро танзим
кунад;
– бо тартиби муқарраргардида стандартҳои соҳавии тандурустӣ ва
ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла фарматсия, стандартҳои сифати
хизматрасонии тиббӣ, дигар стандартҳо, меъёрҳо, маводи дастурӣ ва
дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро муайян намуда, тасдиқ ва назорати
татбиқи онҳоро таъмин намояд;
– якҷоя бо дигар мақомоти идораи давлатӣ дар ташаккул додан ва
татбиқи сиёсати давлатии кадрӣ, илмӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок кунад;
– афзалиятҳои бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушд ва
ҳавасмандгардонии принсипи афзалиятнокии пешгарии бемориҳо ва кӯмаки
аввалияи тиббию санитарӣ, кӯмаки тиббии статсионарӣ ва хизматрасонии
иҷтимоиро ба аҳолӣ муайян созад;
– манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлатҳои хориҷӣ ва
ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ пешбарӣ намояд;
– номгӯи аломатҳои тиббию иҷтимоиро барои равона кардани кӯдакони
дорои ноқисиҳои ҷисмонӣ ва равонӣ ба муассисаҳои махсусгардонидашудаи
кӯдаконаи томактабӣ, мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон ва
хона-интернатҳо барои кӯдакон аз ҳисоби давлат муқаррар созад;
– дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки иҷрои
онҳо барои тамоми шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии бо фаъолияти тиббию
фарматсевтӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ машғулбуда ҳатмӣ мебошанд, нашр
намояд;
– дар доираи салоҳияти худ санҷишҳои назоратии иҷрои муқаррарот,
стандартҳо ва меъёрҳоро дар ҳама гуна муассисаҳои тиббию фарматсевтӣ,
ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти идораи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолӣ, боздоштани иҷозатномаҳои додашударо тибқи тартиби
муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонад;
– меъёрҳои беҳдоштии ҷумҳуриявӣ ва соҳавӣ, қоидаҳо ва меъёрҳои
гигиениро муқаррар намояд;
– ба фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи тандурустӣ,
инчунин ба фаъолият дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ тибқи
талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иҷозатнома диҳад;
– аттестатсияи кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолиро гузаронад;
– ба шахсоне, ки дар давлатҳои хориҷӣ дар зинаҳои гуногуни соҳаи
таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом)
гирифтаанд, барои машғул шудан ба фаъолияти касбӣ иҷозат диҳад;
– бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
бораи ташкил кардани Фонди суғуртаи тиббӣ ва системаи ягонаи пардохт
таклифҳо пешниҳод намояд;
– бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
бораи аз ҷониби Вазорат тақсим кардани маблағҳои молиявие, ки аз
Буҷети давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷудо
мешаванд, пешниҳодҳо ирсол намояд;
– ба мақомоти дахлдор оид ба такмили сиёсати молиявӣ, оморӣ,
тарифӣ, қарзӣ, андозӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодот ирсол намуда, дар
муҳокимаи ин масъалаҳо иштирок кунад;
– дар таъсиси фонду ташкилотҳо барои дастгирии рушди соҳаи
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ иштирок намояд;
– тартиби рухсатдиҳиро ба мутахассисон барои фаъолият дар соҳаи
тиб ва фарматсия новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравӣ
муайян созад;
– тибқи тартиби муқарраргардида экспертиза, стандартикунонӣ,
бақайдгирии давлатӣ, сертификатсиякунонии маводи доруворӣ, молҳои
тиббӣ, кор ва хизматрасонии тиббию санитарӣ, фарматсевтӣ ва оид ба
ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ташкил намояд;
– Доруномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи давлатии
маводи дорувории Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ ва нашр намояд;
– аккредитатсияи муассиса, корхона ва ташкилотҳои системаи
тандурустӣ, инчунин аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии
муассисаҳои таълимии таббию фарматсевтиро, сарфи назар аз шакли
моликият ва тобеияти идоравиашон, ба истиснои озмоишгоҳҳо ва мақомоти
сертификатсиякунонии соҳаи баҳодиҳии мутобиқат, мегузаронад;
– тартиби гузаронидан ва амалисозии аттестатсия ва
сертификатсиякунонии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, фарматсевтӣ ва
ҳифзи иҷтимоиро, новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравӣ
муайян намояд;
– дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатии назорат ва санҷиши
фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар соҳаи тиб, фарматсия ва
ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти
идоравӣ амалӣ месозанд, ташкил намояд;
– низомномаи намунавии муассисаҳои тиббию фарматсевтӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявиро таҳия ва тасдиқ
намояд;
– ба муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои тиб, фарматсевтӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ кӯмаки амалӣ ва роҳбарии машваратию методӣ расонад;
– дар доираи салоҳияти худ ба сифати корҳои илмӣ, таълимию
табобатӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмию клиникии таббӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ назорат кунад;
– барои хизматҳои махсуси меҳнатӣ дар назди ҷомеа ва давлат бо
мукофотҳои соҳавӣ кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолиро
сарфароз гардонида, барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ онҳоро пешбарӣ
намояд;
– фаъолияти иқтисодии хориҷиро анҷом диҳад;
– нашрияҳои чопиро таъсис диҳад ва фаъолияти нашриро ташкил
кунад;
– барои нашри китобҳои илмию таълимии тахассусӣ, соҳавӣ ва
махсуси тиббию фарматсевтӣ ва соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ тавсияҳо диҳад;
– ҷараёни ба ҷои кор рафтани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии
тиббӣ ва фарматсевтӣ новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравӣ
назорат намояд ва ба онҳо роҳхати корӣ диҳад;
– бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи тандурустӣ ва
ҳифзи иҷтимоии аҳолиро амалӣ намояд;
– сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии оила, занон ва
кӯдакон, пиронсолон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони
амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, шахсони ба онҳо
баробаркардашуда ва маъюбон дар ҳамоҳангӣ бо дигар вазорату идораҳо,
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин барномаҳои
давлатии дастгирии иҷтимоии ин табақаи шаҳрвандонро татбиқ намояд;
– барои таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзии шахсоне, ки дорои
имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ мебошанд, муассисаҳо ва марказҳои таълимӣ
таъсис диҳад;
– сиёсати иҷтимоии давлатро дар самти расонидани кӯмакҳои
иҷтимоии унвонӣ, таъин ва пардохти ҷубронпулиҳо, кӯмакпулиҳо ба аҳолии
камбизоат ва маъюбон татбиқ намояд;
– ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳ
монад ва барои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани
конвенсияҳои байналмилалӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид
ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи тартиби муқарраргардида
пешниҳодҳо манзур намояд;
– ба таъсис ва рушди хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ,
системаи давлатии тавонбахшии маъюбон, таъмин намудани онҳо бо
воситаҳои тавонбахшии техникӣ, аз ҷумла бо маводи протезию ортопедӣ
мусоидат намояд;
– дар доираи қонунгузорӣ вазифаи давлатии ихтиёрдории иҷтимоиро
оид ба пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоӣ тавассути ташкилотҳои
ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар намояд;
– расонидани ҳама гуна хизматрасонӣ ва кӯмакҳои иҷтимоиро ба
аҳолӣ назорат намояд;
– якҷоя бо мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ таъсис ва рушди шабакаи давлатии хадамоти
махсусгардонидашудаи минтақавӣ, маҳаллӣ ва дигар хадамоти ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла муассисаҳои статсионарӣ ва хизматрасонии
иҷтимоии аҳолиро ташкил намуда, ҳамоҳангсозии фаъолият ва таъминоти
методии онҳоро анҷом диҳад ва стандартҳои хизматрасонии иҷтимоии
аҳолиро таҳия ва тасдиқ намояд;
– роҳбарии методӣ ва назорати фаъолияти хадамоти хизматрасонии
иҷтимоиро таъмин намояд;
– якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти
шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, марказҳои минтақавӣ ва дигар
муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоиро ҳамоҳанг созад;
– чорабиниҳоро ҷиҳати рушди шабакаи муассисаҳои бистаринамоии
хизматрасонии иҷтимоӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо таҳия ва
татбиқ намояд;
– чорабиниҳоро ҷиҳати амалӣ намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба
оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, аз ҷумла маъюбон анҷом диҳад;
– бо мақсади ба ҳисоб гарифтани шахсоне, ки кӯмаки унвонии
иҷтимоӣ мегиранд, аз ҷумла оилаҳои камбизоат, маъюбон ва пиронсолони
яккаву танҳо, кӯдакони ятиму бесарпаноҳ маҳзани ягонаи маълумотро
таъсис диҳад;
– маблағҳои буҷетии барои таъин ва пардохти кӯмаки унвонии
иҷтимоӣ ва дигар хароҷоти ба ин мақсад пешбинишударо ба нақша гирад;
– тартиби таъин, пардохт ва хароҷоти мақсадноки маблағҳоро, ки
барои пардохти ҷубронпулиҳо ва кӯмаки унвонии иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд,
мониторинг ва риоя намояд;
– барои ҷорӣ намудани механизмҳои нави расонидани кӯмаки унвонии
иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат дар якҷоягӣ бо мақомоти
иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иттилоотонии аҳолиро таъмин намояд;
– фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон, нобиноён, кару гунгҳо
ва собиқадорони ҷангу меҳнатро ҳамоҳанг созад;
– дигар фаъолиятеро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
пешбинӣ шудааст, анҷом диҳад.

3. Ташкили фаъолият

8. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии
Тоҷикистонро Вазир роҳбарӣ мекунад, ки ӯ бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва
татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида масъулияти
шахсӣ дорад.
Вазир муовинҳо, аз ҷумла муовини якум дорад, ки онҳоро Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ӯ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод
мекунад.
9. Сохтори Вазорат аз раёсату шӯъбаҳо доир ба самтҳои асосии
фаъолияти он иборат мебошад. Ба ҳайати раёсатҳо шӯъбаҳо ва бахшҳо
дохил мешаванд.
10. Вазир:
– роҳбарии умумии фаъолияти Вазоратро анҷом дода, кори онро
ташкил менамояд;
– ӯҳдадориҳоро байни муовинони худ тақсим мекунад;
– низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазоратро тасдиқ
менамояд;
– аз номи Вазорат, оинномаҳои муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи
Вазоратро тасдиқ менамояд;
– сохтор ва басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Вазоратро тибқи
талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон,
ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои муқаррар кардааст ва бароварди хароҷот
барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Вазоратро дар доираи ҳаҷми
маблағгузории муқарраргардидаи буҷети ҷумҳуриявӣ тасдиқ мекунад;
– бо тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказии
Вазоратро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
– ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳоро ҷиҳати ба ҳайати
мушовараи Вазорат дохил кардан ё озод намудани онҳо пешниҳод менамояд;
– роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, сартабибони беморхонаҳои марказӣ,
роҳбарони сохторҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонавӣ,
ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳоро дар мувофиқа бо раисони вилоятҳо ва
шаҳру ноҳияҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
– барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани сардорони
раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, шӯъбаҳо ва бахшҳои
ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо розигии
хаттӣ медиҳад;
– бо тартиби муқарраргардида дар бораи ташкил кардани мақомоти
зертобеи Вазорат пешниҳодот манзур менамояд;
– ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташаккули
буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъминоти молиявии фаъолияти Вазорат ва
муассисаҳои зертобеи он пешниҳодот манзур менамояд;
– сохтор ва басти вазифаҳои муассисаҳою ташкилотҳои системаи
Вазоратро тасдиқ мекунад;
– маблағгузории муассисаҳою ташкилотҳои ситемаи Вазоратро аз
ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар сарчашмаҳо дар мувофиқа бо Вазорати
молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
– ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида дар
бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани муассисаҳо ва
ташкилотҳои системаи Вазорат пешниҳодот манзур менамояд;
– оид ба масъалаҳои фаврӣ ва ҷории ташкили фаъолияти Вазорат
фармоишҳои дахлдор мебарорад;
– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳуқуқҳоро амалӣ
менамояд.
11. Дар Вазорат ҳайати мушовара таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати
он Вазир (Раис) ва муовинони вазир (аз рӯи вазифа) ва сардорони
раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони хадамот, инчунин дигар роҳбарони
ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дохил мешаванд.
Ҳайати шахсии аъзои мушовараро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
пешниҳоди Вазир тасдиқ менамояд.
Қарорҳои ҳайати мушовара бо фармоишҳои Вазир дар амал татбиқ
мегарданд.
12. Низомномаи Вазорат, Сохтори дастгоҳи марказии он, Нақшаи
идоракунӣ, шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии он, Номгӯи
муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорат ва тартиби маблағгузории
дастгоҳи марказии Вазоратро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва
тасдиқ мекунад.
13. Ба дастгоҳи марказии Вазорат воҳидҳои сохторӣ (раёсатҳо,
шӯъбаҳо, бахшҳо) ва воҳидҳои ёрирасон дохил мешаванд, ки барои таҳия
ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии аҳолӣ,
таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо, муқаррарот ва дар соҳаи
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти тиббию
фарматсевтӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, муайян кардани шартҳои
созишномаҳои дуҷонибаи Вазорат бо корхона ва муассисаҳои давлатӣ,
ташкилотҳои дигари дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолиятдошта,
инчунин сохторҳои дастгирикунанда ва ёрирасон масъул мебошанд.
14. Ба Нақшаи идоракунии Вазорат сохторҳое, ки дар замимаи 3
номбар шудаанд, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои сохторҳои зертобеи
дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки якҷоя бо
Вазорат барои таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъул мебошанд, дохил мешаванд.
15. Вазорат шартҳои созишномаҳои дуҷонибаро бо корхонаҳо,
муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб
буда, дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба сифати воҳидҳои
хоҷагидор ҷиҳати болоравии ҳаҷм ва сифати хизматрасонии тиббӣ ва
иҷтимоӣ мусоидаткунанда фаъолият мекунанд, муайян менамояд.
16. Ҳисоботи роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо
оид ба ҷараёни иҷрои созишномаҳо бо Вазорат, татбиқи барномаю нақшаҳои
тасдиқгардида дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи он мунтазам баррасӣ
мешаванд.
17. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоти дар
Нақшаи идоракунии он пешбинишуда ба ғайр аз мақомоти маҳаллӣ аз ҳисоби
маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо, мувофиқи тартиби бо
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода
мешавад.
18. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва
русӣ, дигар мӯҳру штампҳои дахлдор ва варақаҳо мебошад ва аз
суратҳисоби бонкии ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати
молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.
19. Маҳалли ҷойгиршавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри
Душанбе, кӯчаи Шевченко – 69

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Маркази саломатии бисёрсоҳаро мавриди истифода қарор доданд
Вохурӣ бо Директори генералии ТУТ Тедрос Адханом Гебрейесус ва иштирок дар ҷаласаи сатҳи баланд
Чаро мардон бештар ба бемории сил гирифтор мешаванд?
Ҷамъбасти 6-моҳаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон
Дар шаҳри Турсунзода Маркази ташхисию табобатии Ҳафиза мавриди истифода қарор гирифт
Дания: баимзорасонии Стратегияи ҳамкорӣ бо ТУТ ва табрикоти Ҳанс Клюге барои нашри мақола аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода дар маҷаллаи бонуфузи “BioMed Central”
Search