Оғози даврҳои омӯзишӣ барои нефрологҳо

Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Анҷумани нефрологҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон  дар шаҳри Душанбе даври омӯзишии нефрологияи калонсолон ва кӯдакон аз 21 то 26 октябри соли равон барои мутахассисони тоҷик гузаронида мешавад.

Мутахассисони варзидаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Шокуҳ Шаян Пур, нефрологи калонсолони Донишгоҳи тиббии Ҷундишапури шаҳри Аҳваз, Алӣ Имадзаде, нефрологи калонсолони Донишгоҳи тиббии Машҳад Озоди шаҳри Машҳад, Маҳбуба Ҷафарисароӣ, нефрологи кӯдакони Донишгоҳи тиббии Мозандагон ва Заҳро Пурнасирӣ, нефрологи кӯдакони Донишгоҳи тиббӣ ба номи Шаҳид Беҳештии шаҳри Теҳрони ин кишвар аз 21 то 26-уми октябри соли равон барои мутахассисони нефрологияи калонсолон ва кӯдакони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва  Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” даври омӯзишӣ гузаронида мешавад.

Имрӯз, 21-уми октябри соли равон даврҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои мазкур расман оғоз гардиданд.

Зимни ифтитоҳи чорабиниҳои мазкур қайд карда шуд, ки баргузории чунин даврҳои омӯзишӣ бо мақсади такмили ихтисоси табибони тоҷик ба роҳ монда шуда, онҳо баҳри баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ватанӣ нақши муҳим хоҳанд бозид.

Дар доираи даврҳои омӯзишӣ мутахассисони эронӣ доир ба роҳу усулҳои нави ташхису табобати бемориҳои нефрологӣ, дастоварду муваффақиятҳои соҳаи тибби кишвари хеш дар ин самт бо табибони тоҷик мубодилаи маълумот хоҳанд кард.

Дар ин рӯз ҳамзамон мутахассисони эронӣ дар муассисаҳои тандурустии болозикр аз рафти табобати  гирифторони бемориҳои нефрологӣ низ дидан ба амал оварданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search