Имрӯз, 03-юми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба оғози расмии амалисозии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-маблағгузории иловагӣ мизи мудаввар доир гардид, ки дар он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ко Сакамото, роҳбари намояндагии доимии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саломуддин Юсуфӣ, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони раёсатҳо ва доираи васеъи мутахассисони вазорат, муовинони раиси ноҳияҳои таҷрибавии Дарвоз, Данғара, Айнӣ, инчунин дигар намояндагони Бонки осиёии рушд, сартабибони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ ва дигар мутахассисон иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур аз соли 2019 инҷониб дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин амалӣ гардида, соли 2024 оид ба татбиқи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар раванди амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд созишнома ба имзо расида, минбаъд баҳри ҷори намудани бозсозӣ дар низоми хизматрасонии тиббии ноҳияҳои дигар, аз ҷумла Дарвоз, Данғара ва Айнӣ лоиҳаи маблағгузории иловагӣ ҷорӣ шуд.
Мизи мудавварро Ҷамолиддин Абдуллозода оғоз бахшида, аз ҷумла зикр намуд, ки дар заминаи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ татбиқ гардидаанд, ки ба рушду намӯи соҳаҳои муҳим заминаи мусоид фароҳам оварданд ва бахши тандурустии кишвар аз зумраи онҳо дониста мешавад. Амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, инчунин дастгирӣ ёфтани лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар раванди амалишавии лоиҳаи мазкур аз зумраи онҳо дониста мешавад.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки нигоҳ доштани сатҳи сиҳатии ҷомеа ва дар ин замина бунёди миллати солим яке аз ҳадафҳои аслии сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки дар масири рушди низоми хизматрасонии тиббӣ дар саросари кишвар, бунёду азнавсозии муассисаҳои табобатӣ, боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Густариш ёфтани ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осёии рушд, хосатан дар самти татбиқ намудани лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдомоти амалии Ҳукумати кишвар дар самти нигоҳдошти сиҳатии ҷомеа ва хосатан занону кӯдакон дониста мешавад.
Ко Сакамото, роҳбари намояндагии доимии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд ҳавасмандӣ зоҳир намуда, гуфт, ки бонки мазкур аз татбиқи босамари лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ зоҳир менамояд. Ҳамзамон, умедворӣ зоҳир гардид, ки амалисозии лоиҳаи мазкур ба рушди соҳаи тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ саҳми арзандае хоҳад гузошт.
Дар баргузории чорабинӣ дурномаи амалигардонии лоиҳаи маблағгузории иловагӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, ҷиҳати дар сатҳу сифати баланд татбиқ намудани он ба масъулини гурӯҳи татбиқи лоиҳа дастур ва супориҳои мушаххас дода шуд.

Дар чорабинӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа аз 4 қисмати асосӣ иборат мебошад. Дар баробари азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизот таъмин намудани онҳо, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаҳои тандурустӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ, бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои асосии лоиҳа унвон мегардад.

Шеравган Сатторов, менеҷери лоиҳаи мазкур зимни пешниҳоди маърӯза аз ҷумла зикр намуд, ки дар доираи амалигардонии лоиҳа дар ноҳияи Данғара сохтмони шӯъбаи таваллуд дар масоҳати 6 200м2 бо иқтидори 80 кати бистарӣ ба нақша гирифта шуда, айни ҳол ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ бо ширкати ҶСК “ТГЭМ” шартнома баста шуда, раванди корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд. Дар ноҳияи Дарвоз бошад, сохтмони Беморхонаи марказӣ дар масоҳати 5 356м2 бо иқтидори 100 кати бистарӣ (аз ҷумла 20 кат барои беморон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) муроҷиаткунанда ва дар ноҳияи Айнӣ сохтмони шӯъбаи таваллуд бо иқтидори 40 кати бистарӣ (инчунин 10 кат барои хобгоҳи занони ҳомила пеш аз таваллуд) ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳаи кории сохтмони Беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз ва сохтмони шуъбаи таваллуд дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ пас аз баста шудани шартномаи корӣ аз ҷониби ширкати лоиҳакашӣ тарҳрезӣ хоҳад шуд. Баъд аз анҷони корҳои сохтмонӣ иншоотҳои зикршуда дар ноҳияҳои таҷрибавии Дарвоз, Данғара ва Айнӣ бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар анҷоми кори мизи мудаввар Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҳавасмандии худро аз ҳамкориҳои судманди Бонки осиёии рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустии мамлакат изҳор дошта, қайд кард, ки дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардидани лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, ки ҳадафи аслии он бунёди муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин намудани онҳо, инчунин гузаронидани ислоҳот дар бахши тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ, аз байн бурдани мушкилот дар низоми тандурустӣ аст, баҳри таъмини сиҳатии ҷомеа хеле бамаврид хоҳад буд.


