Оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм чорабинӣ доир гашт

15-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №73 “Дар бораи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026–2030” чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурзода Муҳамаднабӣ, прокурори ҳамин марказ Сафар Давлат Давлатзод, инчунин сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои зерсохтори соҳа иштирок намуданд.

Ҷаласаи мазкурро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода оғоз намуда, иброз дошт, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2026–2030 тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон, дар доираи татбиқи стратегия Нақшаи чорабиниҳои муштараки вазорат бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 тасдиқ гардида, дар байни кормандон чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ пайваста баргузор карда мешаванд.

Дар ҷараёни чорабинӣ инчунин вобаста ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, №481 “Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023–2027” маълумот пешниҳод гардид.

Қайд карда шуд, ки барномаи мазкур ҳуҷҷати муҳими стратегии соҳавӣ буда, ба ҳамгироии иҷтимоию иқтисодии занону кӯдакони аз минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда равона гардидааст.

Таъкид карда шуд, ки барои пешгирии экстремизм ва терроризм ҳамаи сохторҳо ва шаҳрвандонро зарур аст, ки дар татбиқи саривақтии барномаву стратегияҳои давлатӣ саҳмгузор бошанд ва барои таҳкими сулҳу ваҳдат, истиқлоли давлатӣ, амнияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ талош намоянд.

Баъдан, прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурзода Муҳамаднабӣ ва прокурори ҳамин марказ Сафар Давлат Давлатзод доир ба масъалаи мазкур суханронӣ намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздид аз фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳри Бохтар ва тақвияти корҳои ободониву созандагӣ

Гурӯҳи кории вазорат бо ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Сангвор шинос шуд

Шартҳои вазифавӣ (TOR) барои вазифаҳо тибқи Шартномаи миллии меҳнатӣ

Ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026»

Рустам Нуров: Дар Тоҷикистон усулҳои муосири ташхисии фаврии бемории сил ҷорӣ мебошанд

Аробачаҳои маъюбӣ-воситаи асосии ҳаракати маъюбон

Search
爱思助手汽水音乐易歪歪HelloGPT沙盘telegram下载tg下载mumu模拟器