Ҷори намудани боз як усули нодири ҷарроҳӣ дар кишвар

Ҷарроҳони шуъбаи ҷарроҳии асаби Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аввалин маротиба амали ҷарроҳии гирифтани омоси чуқур ҷойгиршудаи қисми мобайнии  мағзи сарро бомуваффақият анҷом доданд.

Ба шуъбаи номбурда як нафар ҷавондухтар бо аломатҳои шадиди гипертензионӣ ва вайроншавии координатсия муроҷаит кард. Дар натиҷаи муоинаи ҳамаҷониба (КТ, МРТ ва офталмоскопия) ҳосилаи ҳаҷмии қисми ақибии меъдачаи 3-юм бо нишонаҳои обструксияи ҷӯяки силвиевӣ (водопровод мозга) ва афзоиши раванди гидросефалияи окклюзионӣ дарёфт карда шуд. Дар заминаи ин, аломатҳои гипертензияи дохиликосахонагӣ, ба монанди бандшавии диски асаби босира низ дар бемор ба қайд гирифта шуд.

Бо назардошти ҷойгиршавии ҳосилаи ҳаҷмӣ, афзоиши босуръати нишонаҳои клиникӣ ва сатҳи баланди хатари декомпенсатсия ба қорор омада шуд, ки ба бемор амалиёти ҷарроҳӣ бо истифодаи гузаргоҳи мураккаби мағзи сар байнинимкурагии траснкаллиёзӣ- траснвентрикулярӣ-трансхороидалӣ ба қисми ақибии меъдачаи 3-юм гузаронида шавад.

Дар рафти амалиёти ҷарроҳӣ асбобҳои зарурӣ барои назорат ва резексияи пурраи ҳосилаи ҳаҷмӣ истифода бурда шуданд.

Ба гуфти ҷарроҳони шуъбаи ҷарроҳии асаби муассисаи мазкур, ин амали ҷарроҳӣ бо краниотомияи маҳдуд дар минтақаи пеши парсагиталӣ аз рост оғоз ёфт. Бо истифода аз тасвиргирии дохилиҷарроҳӣ (УЗИ) дастрасии траснкаллиёзии банинимкурагӣ ба пайкари каллиозӣ (мазолистое тело) пайдо карда шуд, ки баъди он траектория ба тарафи меъдачаи паҳлӯӣ аз рост бо даромади баъдӣ ба ковокии меъдачаи 3-юм, бо роҳи суб ва траснхороидалӣ дар байни бофтаи рагӣ (сосудистое сплетение) ва венаи амиқи мағзи сар муайян карда шуд. Дар қисми ақибии меъдачаи 3-юм, дар наздикии ҷӯяки силвиевӣ (водопровод мозга) бофтаи патологии рангаш хокистарӣ, ки роҳҳои ликворгузаррро обтуратсия карда буд, мушоҳида гардид. Дар натиҷа ҳосилаи тахминан глиалӣ ба пуррагӣ гирифта шуда, тафтиши эндоскопии мавқеи ибтидоии афзоиш мавҷуд набудани бофтаҳои боқимондаро тасдиқ кард.

Амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз микроскопи муосир, ки иқтидори тағйир додани кунҷҳои биноиш, дақиқият ва дигар параметрҳоро дорад, гузаронида шуд, ки ин дақиқияти баланд дар ҳама марҳилаи ҷарроҳиро таъмин мекунад.

Бояд гуфт, ки айни ҳол вазъи саломатии бемор хуб аст ва шикоятҳое, ки то баргузории ҷарроҳӣ дар он ҷой доштанд, пурра бартараф карда шуда, айни замон тибқи маълумотҳои МРТ-и такрории майнаи сар бо маҳлули контрастӣ боқимондаҳои омосии мағзи сар дида намешавад. Гузариши роҳҳои ликворгузар барқарор карда шуд. Айни замон хулосаи гистологӣ муайян шуда истодаат, ки тибқи он тактикаи табобати минбаъда дақиқ карда мешавад.

Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар соҳаи тибби мамлакат бори дигар аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи тандурустӣ дарак медиҳад ва бо дастрас гардидани дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир аз ҷумла микроскопи муосири ҷарроҳӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки минбаъд низ муосиртарин усулҳои нави ҷарроҳӣ аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар сатҳи баланд гузаронида хоҳанд шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search