Озарбойҷон. Иштироки намояндагони вазорат дар конфронси IV байналмилалӣ оид ба масъалаи шахсони бедаракшуда

7-уми октябри соли равон дар шаҳри Боку ва минтақаҳои озодшудаи Қарабоғи Ҷумҳурии Озарбойҷон IV Конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаи шахсони бедаракшуда дар доираи «Муколамаи Боку оид ба шахсони бедаракшуда» баргузор гардид.

Дар кори конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ ширкат варзид.

Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конфронс Абдулло Сафарзода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Шодиҷон Абдукаримзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ» иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки конфронс ба масъалаҳои ҷустуҷӯ ва муайян намудани сарнавишти шахсони бедаракшуда, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва байниидоравӣ, истифодаи усулҳои муосири ташхис ва идентификатсияи шахсият, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои оилаҳои шахсони бедаракшуда бахшида шуда буд.

Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои марбут ба нақши сохторҳои тиббӣ ва экспертизаи тиббию судӣ дар муайян намудани шахсияти шахсони номаълум, истифодаи имкониятҳои муосири таҳқиқоти генетикӣ, экспертизаи судӣ-тиббӣ, ҳамкории мутахассисон ва мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Масъалаи идентификатсияи шахсият тавассути усулҳои муосири ташхиси судӣ-тиббӣ ва молекулавӣ-генетикӣ аз самтҳои муҳими ҳамкории касбӣ ба шумор меравад. Дар ин раванд ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои тиббӣ, мақомоти бақайдгирии аҳолӣ ва муассисаҳои экспертизаи судӣ аҳамияти махсус дорад.

Иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ имконият фароҳам меорад, ки таҷрибаи кишварҳои гуногун дар самти ҷустуҷӯ, муайян намудани шахсияти шахсони бедаракшуда ва истифодаи технологияҳои муосир омӯхта шуда, робитаҳои касбӣ бо мутахассисони хориҷӣ таҳким ёбанд.

Ҳамчунин, иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Боку барои рушди минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар самти экспертизаи тиббию судӣ, идентификатсияи шахсият, таҳқиқоти генетикӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои оилаҳои шахсони бедаракшуда заминаи мусоид фароҳам меорад.

Конфронси мазкур яке аз майдонҳои муҳими байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба, таҳкими эътимод ва ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки ҳалли масъалаи шахсони бедаракшуда ба ҳисоб меравад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” якчанд амалиёти ҷарроҳӣ бо усули нав гузаронида шуд

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译