Озмоишгоҳи миллии референсӣ Маркази ҳамкории ТУТ аз рӯи системаи менеҷменти сифати озмоишгоҳҳо ба шуъбаи арзёбии берунии сифати хизматрасониҳои озмоишгоҳҳои тиббӣ эътироф гашт

Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ҳамчун Маркази ҳамкории ин ташкилот аз рӯи системаи менеҷменти сифати озмоишгоҳҳо ба шуъбаи арзёбии берунии сифати хизматрасониҳои озмоишгоҳҳои тиббӣ эътироф карда шуд.

Бахшида ба ин дастовард дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Илекр Даштан, директори Озмоишгоҳи миллии референсӣ Баҳодур Холназар ва дигар мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.

Тавре зикр гардид, эътирофи Озмоишгоҳи миллии референсӣ ҳамчун Маркази ҳамкории ТУТ аз рӯи системаи менеҷменти сифати озмоишгоҳҳо ба шуъбаи арзёбии берунии сифати хизматрасониҳои озмоишгоҳҳои тиббӣ дастоварди муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар рушди пайдарпайи низоми озмоишгоҳҳои миллӣ мебошад.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри таҳкими шабакаи озмоишгоҳӣ, ҷори намудани стандартҳои сифат ва рушди иқтидори кадрӣ дар кишвар шароит фароҳам оварда шудааст, ки ба аҳолӣ хизматрасониҳои боэътимод ва бехатари озмоишгоҳӣ пешниҳод карда мешавад.

Додани мақоми Маркази ҳамкории ТУТ ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ-ин эътирофи байналмилалии касбият ва натиҷаҳои устувори лабораторияи миллии кишвар ва инчунин қадами муҳим барои таҳкими минбаъдаи системаи идоракунии сифати озмоишгоҳҳо мебошад.

Дар ҷараёни чорабинӣ қайд карда шуд, ки системаи самараноки менеҷменти сифат эътимоднокии хизматрасониҳои озмоишгоҳиро баланд мебардорад, назорат ва омодагӣ ба вокуниш ба таҳдидҳои саломатии ҷамъиятиро тақвият медиҳад ва арзёбии берунии сифат яке аз воситаҳои асосии таъмини сатҳи устувори сифат дар лабораторияҳо мебошад.

Ҳамчун аввалин Маркази ҳамкории ТУТ дар минтақа эътироф гаштани Озмоишгоҳи миллии референсӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳо, аз ҷумла тавассути омӯзиш ва машварати мутахассисон, паҳн кардани таҷрибаҳои беҳтарин ва дастгирии лабораторияҳо дар такмили равандҳо мусоидат хоҳад кард.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри таҳкими минбаъдаи хадамоти лабораторӣ ва густариши дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати лабораторӣ дар ҳамкории зич бо ТУТ ва дигар шарикон тамоми кушиш ва талоши хешро равона хоҳад сохт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search