Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 1 октябри соли 2025 иммунизатсияи нақшавии духтарони синни 10-сола бо ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба таври доимӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон аз 1 то 31 октябри соли 2025 чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни духтарони 11-14-сола гузаронида мешавад.
Бо мақсади иҷрои банди 5-и қарори мазкур, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамасола ташкил ва гузаронидани иммунизатсияи нақшавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони масъули соҳавиро таъин намуда, ҳуҷраҳои алоҳидаро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷудо мекунад. Ҳамзамон якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муташаккилона ва бомуваффақият гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.
Дар амалисозии ин тадбирҳо нақши омӯзгорон муҳим аст, зеро дар ҳамдастӣ бо кормандони тиб барои беҳтар намудани сатҳи огоҳии падару модарон оид ба аҳамият ва бехатарии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам мусоидат карда метавонанд.
СИРОЯТ ВА ПАЙОМАД
Саратони гарданаки бачадон яке аз намудҳои маъмултарини бемории саратон дар байни занон мебошад. Вируси папилломаи одам сабаби асосии пайдоиши саратони гарданаки бачадон аст. Аммо онро метавон пешгирӣ кард.
ИММУНИЗАТСИЯ – РОҲИ НАҶОТ
Аз соли 2006 то моҳи сентябри соли 2025 иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам ҳаёти занонро дар 148 кишвари ҷаҳон аз саратони гарданаки бачадон ҳифз кардааст.
ИММУНИЗАТСИЯ БАР ЗИДДИ ВИРУСИ ПАПИЛЛОМАИ ОДАМ ЧИСТ?
Иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) усули безарар ва самарабахши муҳофизат аз сироятёбӣ ба вирусест, ки оқибати он метавонад ба якчанд намуди бемориҳо, аз ҷумла саратони гарданаки бачадон оварда расонад. Иммунизатсия системаи муҳофизатии бадан, яъне масуниятро мустаҳкам мекунад ва ба организм кумак мерасонад, ки бар зидди вируси папилломаи одам муқовимат карда, пайдошавии саратони гарданаки бачадонро пешгирӣ намояд.
ОЁ САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОН ИМРӮЗҲО БАРОИ ҶОМЕА МУШКИЛӢ ЭҶОД КАРДААСТ?
Бале, тибқи маълумоти омори расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи паҳншавӣ ва дарёфти он дар байни бемориҳои саратонии занон ҷойи дуюмро ишғол намудааст.
БА КИҲО ИММУНИЗАТСИЯ ТАВСИЯ ДОДА МЕШАВАД?
Иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам ба духтарони синни 10-сола тавсия дода мешавад.
Ҳамзамон бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси папилломаи одам, дар соли аввали вориднамоии ин ваксина чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди ВПО бо фарогирии духтарони синни 11 – 14-сола низ амалӣ мешавад.
Исбот шудааст, ки дар ин синну сол иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам самарабахшии бештар дорад, зеро системаи муҳофизатии бадан пурқувват шуда, солҳои тӯлонӣ боқӣ мемонад.
ЧАНД ВОЯИ ВАКСИНА МЕТАВОНАД ИНСОНРО АЗ ГИРИФТОРШАВӢ БА БЕМОРИҲОЕ, КИ САБАБИ ПАЙДОИШИ ОНҲО ВПО МЕБОШАД, МУҲОФИЗАТ НАМОЯД?
Воридкунии як вояи ваксина бар зидди ВПО масунияти боэтимод ва тӯлониро дар бадани инсон ба вуҷуд меорад.
ИММУНИЗАТСИЯ БАР ЗИДДИ ВИРУСИ ПАПИЛЛОМАИ ОДАМ ДАР КУҶО ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД?
Иммунизатсия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби кормандони тиб гузаронида мешавад. Духтароне, ки ин ваксинаро бо ягон сабаб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нагирифтанд, иммунизатсияи онҳо дар муассисаҳои тиббии макони истиқомат гузаронида мешавад.
ЧАНД МУДДАТ АСТ, КИ ВАКСИНА БАР ЗИДДИ ВИРУСИ ПАПИЛЛОМАИ ОДАМ ДАР ҶАҲОН ДАСТРАС МЕБОШАД?
Тақрибан 20 сол инҷониб иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам ба аҳолии дунё дастрас буда, тӯли ин муддат зиёда аз 500 миллион вояи ваксина ворид карда шудааст.
Имрӯзҳо миллионҳо нафар духтарони иммунизатсияшуда аз хатари гирифторшавӣ ба бемориҳое, ки сабаби пайдоиши онҳо вируси папилломаи одам мебошад, аз ҷумла саратони гарданаки бачадон, ба таври боэътимод муҳофизат шудаанд.
ДАР КАДОМ КИШВАРҲО ИММУНИЗАТСИЯ БАР ЗИДДИ ВИРУСИ ПАПИЛЛОМАИ ОДАМ ВОРИД КАРДА ШУДААСТ?
Иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам дар барномаҳои иммунопрофилактикаи 148 мамлакати дунё, аз ҷумла ИМА, Канада, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон, ҳамчунин давлатҳои исломии Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Туркия, Баҳрайн, Индонезия ва Малайзия ворид карда шудааст.
ИСТЕҲСОЛКУНАНДАИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ ВПО КАДОМ КИШВАР АСТ?
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истеҳсолкунандаи он намуди ваксинаи зидди ВПО мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.
ОЁ ИММУНИЗАТСИЯ БАР ЗИДДИ ВИРУСИ ПАПИЛЛОМАИ ОДАМ РОЙГОН АСТ?
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам байни духтарони синну соли мақсаднок ройгон (бепул) гузаронида мешавад. Иммунизатсия бар зидди ВПО сармоягузории фоидаовару қадами муҳим дар самти беҳтар намудани солимии аҳолӣ ва ояндаи бе саратони гарданаки бачадон мебошад, ки дар он ҳар як зану духтар метавонад сиҳату хушбахт умр ба сар барад.
ВАКСИНАГИРИИ САРИВАҚТӢ БАР ЗИДДИ ВИРУСИ ПАПИЛЛОМАИ ОДАМ БАРОИ НИГОҲДОРИИ СОЛИМИИ ФАРЗАНДИ ШУМО МУСОИДАТ МЕКУНАД!