Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Имрӯз, 20-уми декабри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази омор ва иттилооти тиббӣ-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани cистемаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон дар марказҳои саломатӣ ва солимии репродуктивӣ барои мутахассисони чунин муассисаҳо даври омӯзишӣ оғоз гардид, ки он давоми 5 рӯз идома меёбад.

Чорабиниро директори Маркази омор ва иттилооти тиббӣ Манучеҳр Шамсуллозода оғоз намуда, доир ба ҳадаф ва мақсад аз баргузории даври омӯзишии мазкур мухтасар суханронӣ кард.

Қайд карда шуд, ки  рақамикунонии соҳа талаби замон буда, он дар баробари осон  кардани кори мутахассисони соҳа, ҳамзамон, баҳри саривақт ба ташхису муоина ва табобат фаро гирифтани беморон мусоидат намуда, ҳамзамон, ҷиҳати таҳия ва пешниҳоди омори дурусту дақиқ зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Сипас,  мутахассис оид ба рақамикунонии соҳаи тандурустӣ Манучеҳри Асомиддин вобаста ба қисмати техникӣ, аз ҷумла,  ворид гардидан ба система, тарзи пур кардани маълумоти зарурии шаҳрвандон ва дар умум  доир ба афзалиятҳои муҳими системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.

Қайд карда шуд, ки системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон як воситаи инноватсионӣ мебошад, ки барои сабти рақамии натиҷаҳои ташхиси гарданаки бачадон таҳия шудааст. Он барои ташаккули иттилооти дақиқ ва саривақтӣ, ки дар пешгирӣ ва табобати бемориҳои саратонӣ нақши муҳим мебозанд, хизмат мекунад.

Дар маҷмуъ, афзалиятҳои системаи мазкурро метавон ба чанд қисм ҷудо кард:

Ташкили пойгоҳи маълумоти ягона: Ҳамаи натиҷаҳои скрининг дар як ҷой мутамарказ карда шуда, ба шаффофият ва дастрасии маълумот мусоидат мекунанд.

Пешгирии саривақтӣ: Бо истифода аз маълумоти воридшуда хатари рушди бемориҳои гарданаки бачадон ба таври саривақтӣ арзёбӣ ва тадбирҳои пешгирӣ андешида мешаванд.

Мониторинг ва таҳлил: Система имкон медиҳад, ки мониторинг ва таҳлили ҳамаҷонибаи натиҷаҳо гузаронида шуда, тасмимгириҳо асоснок карда шаванд.

Табодули маълумот: Тавассути ҳамгироӣ бо дигар муассисаҳо ва системаҳо, шарикии муассир дар ҳалли мушкилоти тандурустӣ таъмин карда мешавад.

Самаранокии идоракунии захираҳо: Рақамисозии маълумот имкон медиҳад, ки раванди кор бо натиҷаҳои ташхис соддатар ва камхарҷтар гардад. Системаи мазкур як қадами муҳим дар самти рақамисозии бахши тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ мебошад. Он барои муассисаҳои тандурустӣ ва масъулони соҳа платформаи боэътимоди иттилоотӣ фароҳам оварда, ба рушди солимии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Дар ҳамин замина, Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, ки марҳила ба марҳила соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакатро ба системаи ягонаи электронӣ ворид намояд.

Айни ҳол баҳри амалӣ намудани ин иқдом дар маркази мазкур тамоми имкониятҳои техникӣ муҳайё карда шудааст ва дар ояндаҳои наздик бо омӯзонидани мутахассисони бахшҳои гуногуни соҳа системаи ягонаи электронии тандурустӣ дар мамлакат пурра ҷорӣ карда хоҳад шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара Маркази ташхис ва табобатиро ба истифода доданд

Вохурии Ғафур Муҳсинзода бо президенти Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилҳо Сезар Горридо

Search