«Роҳу усулҳои пешгирии коррупсия дар соҳаи тандурустӣ»

Санаи 04-уми ноябри соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд дар мавзӯи «Роҳу усулҳои пешгирии коррупсия дар соҳаи тандурустӣ» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Мақсади асосии чорабинӣ-ин баланд бардоштани савияи дониш ва малакаву маҳорати шахсони масъул ҷихати татбиқи босамари Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2016, №465 тасдиқ гардидааст, арзёбӣ  гардид.

Чорабинии мазкурро роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд оғоз бахшида, вобаста ба оқибатҳои хисороти ин падидаи манфию хатарзо ба амнияти иқтисодии кишвар ва самтҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби масъулини раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шакли рунамо (слайд) дар мавзӯи «Роҳу усулҳои пешгирии коррупсия дар соҳаи тандурустӣ» маърӯза карда шуда, моҳият ва мазмуни гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар охир иштирокчиёни семинари омӯзишӣ дар доираи маърӯзаҳои ироашуда мубодилаи афкор намуда, паҳлуҳои гуногуни падидаи коррупсияро зери музокира қарор доданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Чӣ гуна ва кадом маҳсулотро метавон зиёда аз ду сол хуб нигоҳ дошт?

Имкониятҳои нави ташхиси ВНМО дар Тоҷикистон

Шиносоии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз раванди сохтмони иншооти тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд

Роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба курси такмили ихтисос фаро гирифта шуданд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба давлатҳои Аврупо мулоқот кард

ВНМО ва ҳомиладорӣ: Солимии фарзандатон аз Шумо вобаста аст!

Search