Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил тамоми кӯшиш ва талошҳои хешро равона сохта, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Марҳила ба марҳила коҳиш ёфтани шумораи гирифторони ин беморӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ташхис ва табобати беморон, қабули барнома ва ҳуҷҷатҳои соҳавӣ аз тадбирҳои муҳими дар ин самт андешида ба шумор мераванд.
Дар ин росто, бо мақсади шиносоӣ бо вазъи бемории мазкур дар мамлакат ва дигар масъалаҳои марбут ба он бо директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Нуров суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем:
-Муҳтарам Рустам Нуров, чанде қабл мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари хешро таҷлил намуданд. Нахуст оид ба дастовардҳои соҳаи силшиносии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ мухтасар маълумот медодед!?
-Дар маҷмӯъ, агар ба дастовардҳои соҳаи тандурустии мамлакат назар афканем, бидуни шак аён аст, ки пешрафт ва муваффақиятҳои ба даст омада маҳз самараи даврони соҳибистиқлолии давлатӣ мебошанд.
Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки дар баробари дигар бахшҳои соҳаи тандурустӣ, соҳаи силшиносӣ низ давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ низ рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид.
Махсусан, бомуваффақият омода ва тадбиқ намудани 4 барнома ва 1 нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил аз дастовардҳои назарраси соҳа дар ин давра ба шумор мераванд.
Ҳамзамон, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ шурӯъ аз соли 2019 музди меҳнати тамоми кормандони соҳаи силшиносии мамлакат 100% зиёд карда шуд, ки ин иқдом низ дар самти пешбурди фаъолияти муваффақонаи соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
Дар ин давра бо дастгирии шарикон оид ба рушд ба кишвар 15 адад дастгоҳи рентгении рақамии муосири дорои зеҳни сунъӣ ворид гардид, ки барои дарёфти саривақтии бемории сил дар кишвар хизмат мерасонанд.
Инчунин, шурӯъ аз соли 2018 доруҳои зиддисилии қатори якум пурра аз ҳисоби ҳукумати мамлакат харидорӣ карда мешаванд, дар ҳоле, ки қаблан доруҳои мазкур аз ҳисоби шарикони рушд харидорӣ мегардиданд.
Аз соли 2021 бошад, харидории доруҳои қатори дуюм барои табобати беморони сили шакли мутобиқгашта аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ оғоз гардид ва дар соли 2022 мувофиқи дархост 10% талаботи соҳа таъмин карда шуд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар ин давра ба соҳа усулҳои муосири ташхисии фаврии бемории сил ворид гардиданд, ки дар муддати аз 1 то 2 соат бемории сил ва ҳассосияти чубчамикроби силро ба доруҳои зиддисилӣ муайян менамоянд.
Бояд бигуям, ки айни ҳол дар мамлакат тамоми усулҳои ташхиси саривақтӣ ва доруҳои зиддисилӣ барои табобати ҳама намуди бемории сил ба таври ройгон дастрас мебошанд.
Ҳамзамон давоми 5 соли охир маблағгузорӣ барои таъмини хӯроки серғизои беморони сил дар кишвар зиёда аз 10 маротиба афзоиш ёфт.
Дар маҷмӯъ, тамоми реҷаҳои табобатии наве, ки аз тарафи ТУТ тавсия шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, муҳлати табобати беморони шаклҳои мутобиқгаштаи сил аз 24 моҳ то 6-9 моҳ кӯтоҳ гардидааст.
– Лутфан мегуфтед, ки сил чӣ гуна беморист?
–Сил ин бемории сироятӣ буда, барангезандаи аниқи худ, яъне чубчамикроби силро дорад, ки онро ба ҳавои атроф шахси бемори гирифтори сили шуш тавассути сулфа ва атсазанӣ хориҷ мекунад. Шахсони солим ин ҳаворо нафас кашида, метавонанд сироят ёбанд. Бояд қайд кард, ки на ҳама шахси сироятёфта ба бемории сил гирифтор мешаванд. Танҳо он шахсоне метавонанд ба бемории сил гирифтор шаванд, ки бо ягон сабаб масунияти баданашон заиф гаштааст ва чубчамикроби сил дар организми онҳо тез инкишоф ёфта, бемориро ба вуҷуд меорад. Бемории сил бештар дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ба монанди атрофиёни бемор, гирифторони диабети қанд, гирифторони бемориҳои музмини роҳҳои нафас ва меъдаю руда, шахсоне, ки шароити пасти маишию иқтисодӣ доранд, вомехурад.
–Ваъзи бемории силро айни замон дар кишвар чӣ гуна баҳо медиҳед? Ва ё масъалаҳои дарёфти беморони сил ва таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?
-Айни ҳол вазъи бемории сил дар мамлакат муътадил мебошад. Маҳз дар натиҷаи андешидани чораҳои муҳиму саривақтӣ ва иҷрои барномаҳои соҳавӣ давоми солҳои охир шумораи гирифторӣ ва фавти шаҳрвандон аз бемории зикршуда дар кишвар бамаротиб коҳиш ёфта истодааст.
Махсусан, давоми 14 соли охир нишондоди беморшавӣ аз бемории сил 44,8 нишондод (85,1 ба 100 000 аҳолӣ соли 2007 то 40,3 ба 10 000 аҳолӣ дар соли 2021) коҳиш ёфтааст
Дар ин давра нишондоди фавт зиёда аз 6 маротиба (6,3 ба 100 000 дар соли 2007 то 1,3 ба 100 000 аҳолӣ дар соли 2021) коҳиш ёфтааст.
Бояд бигуям, ки дар самти таъмини беморон бо дорувориҳои зиддисилӣ имрӯз дар кишвар ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. Табобати ҳама намуд бемории сил дар кишвар дар асоси охирин тавсияҳои ТУТ гузаронида шуда истодааст.
Хушбахтона, имрӯз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна усулҳои ташхисии муосир барои дарёфти саривақтии бемории сил дастрас мебошанд. Айни ҳол дар аксар марказҳои зиддисилии кишвар таҷҳизоти муосири ташхиси фаврии бемории сил, яъне Генэксперт фаъолият мекунад, ки дар муддати на чандон зиёд дар як вақт ҳам ҷой доштани бемории сил ва ҳам ҳассосияти чубчамикробро ба доруи асосии зиддисилӣ – рифампитсин муайян мекунад. Ин имкон медиҳад, ки бемори сил дарҳол дарёфт гардида, ба табобати дуруст бо таъини реҷаи мувофиқ фаро гирифта шавад. Инчунин картриҷҳои ҷадид бо имконияти муайян кардани ҳассосияти чубчамикроби сил ба доруҳои қатори дуюми зиддисилӣ ба даст омадаанд, ки барои оғози саривақтии табобати шаклҳои устуворгаштаи бемории сил хеле қулай мебошанд.
-Бо вуҷуди ин қадар шароити мусоид фароҳам овардан барои ташхис ва табобати беморони сил чаро ҳанӯз шаҳрвандон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд? Ба назари шумо чӣ сабабҳо боиси гирифтории шаҳрвандон ба бемории сил мегарданд?
-Механизми асоси гирифторшавии шахси солим ба бемории сил ба таври ҳавогӣ мебошад, ки ин механизмро идора кардан ғайриимкон аст.
Инчунин, омилҳои асосии гирифторшавии шаҳрвандон ба ин беморӣ гуногун мебошанд, вале якчандтои онро инҷо зикр наменамоям: Риоя накардани назорати сирояти ва гигиенаи шахсӣ, ба пуррагӣ ва саривақт аз муоинаи тиббӣ нагузаштани алоқамандони бемории сил, доштани масунияти пасти бадани аксарияти аҳолии кишвар дар байни гурӯҳҳои осебпазир (ВНМО, диабети қанд, шахсони бе ҷои муайяни зист, беморони эндокринологӣ, маҳкумшудагон), муҳоҷирати меҳнатӣ ва баргаштани муҳоҷирон ба кишвар боиси паҳншавии бемории сил мегарданд.
Усули беҳтарини пешгирии бемории сил-ин дарёфт ва табобати саривақтии бемори сил мебошад. Бо ин роҳ мо метавонем занҷири паҳншавии бемориро гусаста, пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи ин бемориро гирем. Пешбурди тарзи ҳаёти солим, ба варзиш машғул шудан, истеъмоли хӯроки аз сафедаю минералҳо бой низ метавонанд воситаҳои пешгирии бемории сил бошанд, зеро инҳо воситаҳое мебошанд, ки масунияти одамро бар зидди бемориҳо пурқувват мегардонанд.
-Мусаллам аст, ки имрӯз дар самти пешгирии бемории сил дар кишвар як қатор созмону ташкилотҳо фаъолият менамоянд. Аз шарикони рушд кадом сохторҳо бештар фаъоланд ва саҳми онҳоро дар баробари сохторҳои давлатӣ ҷиҳати пешгирии бемории сил хуб арзёбӣ менамоед?
–Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар самти пешгирии бемории сил тамоми чораҳои муҳиму саривақтиро андешида истодаанд. Тавре аён аст, масъалаи пешгирии ин беморӣ имрӯз дар маркази диққати созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳидаи дунё қарор дорад. Аз ин ҷост, ки дар самти пешгирии ин беморӣ як қатор ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар як қатор кишварҳои олам фаъолият менамоянд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин доира истисно нест.
Аз ҷумла имрӯз дар кишвар як қатор ташкилотҳои ғайридавлатӣ, аз қабили Хазинаи глобалӣ, лоиҳаи ЮСАИД/Этика, ташкилоти Табибон бидуни марз, Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ТУТ, ки кӯмаки техникии худро оид ба дарёфт, табобат, пешгирии сироятёбӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳои дастури ва методӣ ба соҳаи силшиносии кишвар мерасонанд, фаъолият доранд.
Инчунин саҳми ин ташкилотҳо дар самти омӯзиши мутахассисон оид ба тавсияҳои ҷадид дар самти дарёфту табобати бемории сил, кӯмак дар таъмини маводҳои сарфшавандаи ташхисӣ ва дастрас намудани доруҳои зиддисилӣ барои табобати шаклҳои устувори бемории сил, гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ нисбати бемории сил назаррас аст.
-Тавре медонем, соли 2018 вохурии сатҳи СММ вобаста ба пешгирии бемории сил баргузор гардида буд. Дар назар аст, ки чунин вохурии сатҳи баланд соли 2023 низ аз ҷониби СММ доир карда шавад. Оё Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ин чорабинӣ омодагӣ дорад?
-Соли 2018 дар ин вохурии сатҳи баланд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори иҷроияи ташкилоти “Ҳамкории боздошти сил”, сафирон ва қаҳрамонони пешгирии бемории сил, аз ҷумла овозхонҳо, ҳаҷвнигорон ва варзишгарони машҳури ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Барои иштирок дар ин ҳамоиши сатҳи баланд дар соли 2023 ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил чораҳо андешида шуда истодааст ва дар муҳлати муқарраргардида корҳо ба итмом расонида мешаванд.
-Ба ғайр аз табибон, дар ҷомеа боз кӣ дар самти пешгири бемории сил нақши калон хоҳад дошт?
-Тавре маълум аст, бемории сил- ин бемории иҷтимоӣ мебошад ва саҳми ҳар як шаҳрванд дар пешгирии он муҳим мебошад. Хушбахтона, дар кишвар дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ бо кӯшишҳои якҷояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар доираи барномаҳои соҳавӣ ҳамкориҳои сохторҳои марбута оид ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии аҳолӣ ҷиҳати пешгирии бемории сил хуб ба роҳ монда шудааст.
Яъне, на танҳо табибон, балки шахсони фаъоли ҷомеа, аз ҷумла раисони шаҳраку ҷамоатҳо, имомхатибон, ихтиёриён, омӯзгорон, ҳунармандон ва дар умум намояндагони тамоми қишри ҷомеа дар самти пешгирии ин беморӣ метавонанд саҳми назарраси хешро гузоранд.
Албатта, дар самти мубориза бар зидди бемории сил гузаронидани чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва маърифатӣ нақши хеле муҳим доранд. Махсусан, баланд гардонидани сатҳи иттилотнокии аҳолӣ нисбати муроҷиати саривақтӣ, аз ташхис гузаштан, риояи муҳлати табобат, ба танаффус роҳ надодан ҳангоми табобат, табобатшаванда будани ин беморӣ хеле зарур мебошанд.
Боиси қаноматмандист, ки дар ин самт дар кишвар чорабиниҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, қариб ҳар моҳ як маротиба барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо иштироки мутахассисони силшинос гузаронида мешавад. Маводҳои иттилоотӣ дар шакли брошураю ёддоштҳо ҳамасола бо як миқдори муайян таҳия ва чоп карда шуда, ба аҳолӣ ва дигар гуруҳҳои мақсаднок тақсим карда мешаванд. Инчунин силсилаи баномаи телевизионии “Ҳикмати шифо” бо иштироки ҳунарманди варзида Нурулло Абдуллоев ва мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, филмҳо ва видеороликҳои ҳуҷҷатӣ оид ба таърихи шифоёбии беморон таҳия ва амалӣ карда шудаанд. Дар ин самт ҳамзамон филми “Муъҷизаи ишқ”, ки дар он нақшҳо аз ҷониби ҳунарпешагони машҳури театрҳои ҷумҳурӣ Дилбар Умарова, шодравон Улфатшоҳ ва дигарон иҷро намудаанд, таҳия гардида, дар он аз сироятёбӣ сар карда, то шифоёбӣ ва оила бунёд кардани шахси ба бемории сил гирифторшуда ва шифоёфта, ҷанбаҳои доғгузорӣ нисбати бемории сил аз тарафи волидайни арусшаванда, муборизаи ҷавон бо бемории сил ва шифоёбии ӯ таҷассум ёфтаанд. Ин филмнома дар шакли диск дар ҳамаи беморхонаҳои зиддисилии кишвар дастрас карда шудааст ва барои беморон зуз-зуд намоиш дода мешавад, ки баҳри баланд гаштани эътимоди онҳо ба шифоёбӣ албатта аз манфиат холӣ нест.
-Муҳтарам Рустам Нуров, барои анҷом додани чунин як суҳбати ихтисосии пурмуҳтаво сипосгузорем ва бароятон барору муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоем.
Суҳбаторо Хусрав Шосаидзода