Семинари омӯзишӣ барои нозир коргузорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Санаи 01-уми июли соли равон дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 24 нафар нозир коргузорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав) дар мавзӯи “Раванди амалисозии таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат” семинари омӯзишии дурӯза оғоз гардид, ки он то санаи 02-юми июли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

Дар рафти ифтитоҳи семинари омӯзишӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, менеҷери лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” Ҷамшед Каримов ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи семинари омӯзишӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед иброз дошт, ки таъин намудани нозир коргузорон дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ба омӯзиш фаро гирифтани онҳо бо ташаббус ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо) барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, санҷидани дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва маълумоти дар он дарҷгардида, шаффофияти таъини кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, инчунин ташкили хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад намуд.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №488 «Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо) барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, санҷидани дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва маълумоти дар он дарҷгардида, инчунин ташкили кори иҷтимоӣ бо аҳолӣ имконияти мусоид ба даст омад, ки дар назди мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот як воҳиди кории нозир коргузор ҷудо шуда, аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул карда шаванд.

Айни ҳол дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ 168 нафар кормандон ба кор қабул карда шуданд, ки ҷиҳати омӯзонидан ва таҳким бахшидани малакаи касбии онҳо бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №347 аз 10 июни соли 2025 “Дар бораи омӯзишҳои нозир коргузорони назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот” семинарҳои омӯзишӣ барои чунин нозир коргузорон тибқи нақшаи тасдиқшуда гузаронида мешаванд.

Тибқи фармоиши болозикр моҳҳои июн ва июли соли 2025 чунин семинар омӯзишҳо иборат аз 7 давр (омӯзишҳои дурӯза) дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб гузаронида мешаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Эълони ҷойи кори холӣ дар филиали ширкати “Нормека Интернешнл АС” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search