Имрӯз, 15-уми майи соли ҷорӣ дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Шарҳи мазмуну муҳтавои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) ” семинари омӯзишӣ доир гардид.

Дар семинари омӯзишӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ, муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулӣ Барот, сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Акмалзода Нодир Носир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони хадамотҳои назорати давлатии тандурустӣ ва директори Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе инчнин намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Семинари омӯзишии мазкурро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ, ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки муқовимат намудану мубориза бурдан бо коррупсия кори дастаҷамъона мебошад ва пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус ва фаъолияти зиддикоррупсионии дастаҷамъонаро талаб менамояд.
Гуфта шуд, ки масъалаи мубориза бо коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим дошта, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Қайд гардид, ки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2026–2030 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардида, ҳадафи асосии он тақвияти шаффофият, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ҳамаи бахшҳо мебошад.
Баъдан, муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулӣ Барот, баромад намуда, зимни суханронии хеш оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, корҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандони тиб, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот ба ҷомеа ва давлат ба иштирокчиён маълумоти муфассал дод.
Ҳамин тавр, дар семинари мазкур сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Акмалзода Нодир Носир баромад намуда, иброз дошт, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад ба коҳиш ёфтани эътибори давлат ва паст гардидани сатҳи боварии ҷомеа нисбат ба мақомоти давлатӣ оварда расонад.
Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии аҳолӣ, таҳкими шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, риояи меъёрҳои ахлоқи хизматчии давлатӣ ва тақвияти назорати дохилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки истифодаи технологияҳои муосир ва хизматрасониҳои электронӣ метавонад дар коҳиш додани омилҳои инсонӣ ва пешгирии ҳолатҳои суиистифода нақши муҳим бозад.
Таъкид гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, бояд боз ҳам тақвият дода шаванд, зеро тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва эҳтиром ба қонун аз омилҳои муҳими коҳиш додани зуҳуроти коррупсионӣ ба ҳисоб меравад.
Дар охири вохурӣ аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри решакан сохтани чунин падидаҳои манфии ҷомеа якҷо ва сарҷамъона боз ҳам талош ва кушиши хешро равона созанд.


