Шартҳои вазифавӣ (TOR)
барои вазифаҳо тибқи Шартномаи миллии меҳнатӣ
- Маълумот оид ба вазифа
| Идора/Шӯъба/Лоиҳа: | Лоиҳаи грантҳои Хазинаи Глобалӣ оид ба ВНМО ва сил |
| Номи вазифа: | Сармутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ |
| Сатҳ: | Мутахассиси миллӣ |
| Ҷойи иҷрои вазифа (шаҳр ва кишвар) | Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Навъи шартнома (доимӣ ё кӯтоҳмуддат): | Доимӣ |
| Ҷойи кор (дар идора ё фосилавӣ): | Дар идора |
| Санаи интизории оғози кор: | Муайян карда мешавад |
| Давомнокии шартнома: | То 31 декабри соли 2026, вобаста ба талаботи лоиҳа ва мавҷудияти маблағгузорӣ |
| Ташкилоти татбиқкунанда: | Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИА ҶТ) |
| Тартиби амалкунандаи татбиқи лоиҳа: | Тибқи Созишномаи байни Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва ВТҲИА ҶТ амалӣ карда мешавад. |
| Ба кӣ ҳисобот медиҳад: | Роҳбари Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) |
2. Тавсифи идора/шӯъба/лоиҳа
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИА ҶТ) дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва бо дастгирии Хазинаи Глобалӣ грантҳои марбут ба ВНМО ва силро татбиқ менамояд, ки ҳадафи онҳо коҳиш додани сатҳи паҳншавии ВНМО ва бемории сил дар кишвар тавассути татбиқи чорабиниҳои ба далелҳо асосёфта, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои пешгирӣ, ташхис, табобат ва нигоҳубин, таҳкими низоми тандурустӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазир ва аҳолии калидӣ мебошад.
Лоиҳа тибқи Созишномаи байни БРСММ, ки ҳамчун Гирандаи асосӣ (Principal Recipient – PR) оид ба грантҳои Хазинаи Глобалӣ дар Тоҷикистон амал мекунад, ва ВТҲИА ҶТ татбиқ карда мешавад.
Лоиҳа татбиқи афзалиятҳои миллиро дар самти муқовимат ба ВНМО ва бемории сил тавассути таҳкими низомҳои мониторинг ва арзёбӣ, идоракунии иттилооти стратегӣ, низомҳои ҳисоботдиҳӣ, мониторинги натиҷаҳо, таъмини сифати маълумот ва рушди иқтидори институтсионалии ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва ташкилотҳои татбиқкунанда дастгирӣ менамояд.
Низомҳои самараноки мониторинг ва арзёбӣ (M&А) ва иттилооти стратегӣ (ИС) барои таъмини масъалаҳои зерин аҳамияти калидӣ доранд:
- татбиқ ва назорати самараноки фаъолиятҳои грантӣ;
- пешниҳоди саривақтӣ ва дақиқи ҳисоботҳо;
- ноил шудан ба нишондиҳандаҳо ва ҳадафҳои иҷрои грант;
- риояи талаботи Хазинаи Глобалӣ оид ба ҳисоботдиҳӣ ва арзёбии натиҷаҳо;
- банақшагирӣ ва қабули қарорҳо дар асоси далелҳо;
- таъмини ҳисоботдиҳӣ, шаффофият ва сифати барномаҳо;
- таҳкими низомҳои миллии ҳисоботдиҳӣ ва иттилооти стратегӣ.
Сармутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ татбиқ ва назорати фаъолияти мониторинг ва арзёбӣ, идоракунии иттилооти стратегӣ, ҳисоботдиҳӣ, таҳлили маълумот, мониторинги натиҷаҳо ва таъмини сифати маълумотро дар доираи грантҳои Хазинаи Глобалӣ оид ба ВНМО ва бемории сил дастгирӣ менамояд.
3. Ҳаҷми кор
Сармутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ масъулиятҳои асосии зеринро иҷро менамояд:
- Ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мониторинг ва арзёбӣ вобаста ба грантҳои ВНМО ва бемории сил;
- Таъмини банақшагирии саривақтӣ, мониторинг, таҳлил ва таҳияи босифати ҳамаи ҳисоботҳои вобаста ба лоиҳа мутобиқи талаботи Хазинаи Глобалӣ ва талаботи миллӣ;
- Пешниҳоди дастгирии техникӣ, машваратӣ ва рушди иқтидор ба кормандони лоиҳа, ташкилотҳои татбиқкунанда ва шарикон оид ба мониторинг, арзёбӣ, ҳисоботдиҳӣ ва идоракунии иттилооти стратегӣ.
1. Ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мониторинг ва арзёбӣ вобаста ба грантҳои ВНМО ва бемории сил
Мутахассис вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- ҳамоҳангсозии татбиқи низоми мониторинг ва арзёбии фаъолияти грантҳои ВНМО ва бемории сил мутобиқи чорчӯбаи тасдиқшудаи нишондиҳандаҳои иҷроиш ва талаботи ҳисоботдиҳӣ;
- таъмин намудани таҳия, татбиқ ва таҷдиди нақшаҳои мониторинг ва арзёбӣ, воситаҳои ҳисоботдиҳӣ, қолабҳо ва низоми пайгирии нишондиҳандаҳо;
- таъмин намудани мутобиқати низоми мониторинг ва арзёбӣ бо:
- чорчӯбаи нишондиҳандаҳои иҷрои Хазинаи Глобалӣ;
- стратегияҳои миллии мубориза бар зидди ВНМО ва бемории сил;
- низомҳои миллии иттилоотии тандурустӣ;
- талаботи донорҳо оид ба ҳисоботдиҳӣ;
- талаботи миллии ҳисоботдиҳӣ;
- назорати татбиқи фаъолияти мониторинг ва арзёбии лоиҳа мутобиқи нишондиҳандаҳои тасдиқшуда ва нақшаҳои ҳисоботдиҳӣ;
- саҳмгузорӣ дар таҳия ва таҷдиди:
- тартиботи стандартии амалиётӣ;
- расмиёти ҳисоботдиҳӣ;
- варақаҳои тавсифи нишондиҳандаҳо;
- воситаҳои ҷамъоварии маълумот;
- воситаҳои идоракунии маълумот;
- қолабҳои ҳисоботдиҳӣ;
- дастгирии ҳамоҳангсозӣ ва ҳамгироии низомҳои ҳисоботдиҳии барномавӣ ва ҷараёнҳои мубодилаи маълумот;
- назорати таҳия ва татбиқи воситаҳо, расмиёт ва қолабҳои самараноки мониторинг ва арзёбӣ барои назорати фаъолияти ташкилотҳои татбиқкунанда ва Зергирандагони маблағ;
- дастгирии ҷамъоварӣ, коркард, санҷиш, таҳлил ва шарҳи маълумоти сифатӣ ва миқдорӣ оид ба фаъолияти барнома;
- саҳмгузорӣ дар таҳия ва татбиқи тавсияҳо оид ба таҳкими мониторинги натиҷаҳои барнома ва низоми идоракунии маълумот;
- дастгирии татбиқи усулҳо ва воситаҳои инноватсионӣ дар самти мониторинг, арзёбӣ ва идоракунии иттилооти стратегӣ;
- ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии фаъолияти тадқиқотӣ, арзёбиҳо, пурсишҳо ва таҳлилҳои марбут ба барномаҳои ВНМО ва бемории сил;
- саҳмгузорӣ дар таҳкими низомҳои миллии иттилооти стратегӣ ва ҳисоботдиҳӣ.
2. Таъмини банақшагирии саривақтӣ, мониторинг, таҳлил ва таҳияи ҳисоботҳои босифат оид ба татбиқ ва натиҷаҳои лоиҳа
Мутахассис вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- ҳамоҳангсозии ҷамъоварӣ, муттаҳидсозӣ, санҷиш, тасдиқ ва таҳлили маълумоти барномавӣ, ки аз ташкилотҳои татбиқкунанда, таъминкунандагони хизматрасонӣ, озмоишгоҳҳо ва шарикон дастрас мегардад;
- мониторинги ноилшавӣ ба нишондиҳандаҳо, ҳадафҳо, марҳилаҳои асосӣ ва уҳдадориҳои иҷроии грант;
- пешбурд ва навсозии ҷадвалҳои пайгирии нишондиҳандаҳо, пойгоҳҳои додаҳои ҳисоботдиҳӣ, панелҳои назоратии (dashboard) нишондиҳандаҳои иҷроиш ва воситаҳои таҳлилии мониторинг;
- таъмин намудани таҳия ва пешниҳоди саривақтии ҳуҷҷатҳои зерин:
- ҳисоботҳои моҳона;
- ҳисоботҳои семоҳа;
- ҳисоботҳои нимсола ва солона;
- Навсозиҳои пешрафт ва дархостҳои маблағгузорӣ (Progress Updates and Disbursement Requests – PUDRs);
- ҳисоботҳо барои донор;
- ҳисоботҳои вобаста ба Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ;
- хулосаҳои таҳлилӣ;
- маълумот ва ҳисоботҳо тибқи дархостҳои фаврӣ;
- ҳамоҳангсозӣ ва таъмини сифати ҳисоботдиҳии мунтазам мутобиқи талаботи Хазинаи Глобалӣ, КМҲ ва талаботи миллии ҳисоботдиҳӣ;
- гузаронидани таҳлили мунтазами нишондиҳандаҳои лоиҳа, пешрафти татбиқ, самаранокии хизматрасонӣ ва дараҷаи ноилшавӣ ба ҳадафҳо;
- гузаронидани таҳлили муқоисавӣ (triangulation) ва таҳлили маълумоти сифатӣ, миқдорӣ ва маълумоти сатҳи таъсир (impact-level data);
- таҳияи ҳисоботҳои таҳлилӣ, рӯнамоҳо (презентатсияҳо), панелҳои иттилоотӣ (dashboards), хулосаҳо, маводи иттилоотӣ барои роҳбарият ва баррасиҳои натиҷаҳои иҷроиш;
- дастгирии равандҳои банақшагирӣ ва қабули қарорҳои амалиётӣ дар асоси далелҳо;
- муайян намудани монеаҳои татбиқи лоиҳа, камбудиҳои ҳисоботдиҳӣ, нишондиҳандаҳои иҷронашуда ва мушкилоти амалиётӣ;
- пешниҳод намудани машварат ба роҳбарияти лоиҳа ва кормандони барнома оид ба мушкилоти татбиқ ва мусоидат дар муайян намудани чораҳои ислоҳӣ;
- дастгирии омодагӣ ба баррасиҳои грант, арзёбиҳо, баҳодиҳӣ, миссияҳои мониторингӣ ва таҳлилҳои иҷроиш;
- дастгирии таҳия ва татбиқи нақшаҳои беҳтар намудани натиҷаҳо ва чораҳои ислоҳӣ;
- дастгирии нигоҳдорӣ ва такмили пойгоҳҳои додаҳои ҳисоботдиҳӣ ва низомҳои электронии иттилоотӣ;
- таъмини махфият, якпорчагӣ, нигоҳдории бехатар ва ҳифзи маълумоти ҳассоси барномавӣ ва пойгоҳҳои додаҳо.
3. Пешниҳоди дастгирии техникӣ ва рушди иқтидор дар самти мониторинг, арзёбӣ, ҳисоботдиҳӣ ва идоракунии иттилооти стратегӣ
Мутахассис вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- ташкил ва иштирок дар боздидҳои мониторингӣ, чорабиниҳои назорати дастгиркунанда (supportive supervision) ва арзёбии фаъолияти ташкилотҳои татбиқкунанда ва нуқтаҳои хизматрасонӣ;
- таҳияи воситаҳои мониторинг, варақаҳои санҷишӣ (checklists) барои назорат ва нақшаҳои боздидҳои мониторингӣ;
- гузаронидани санҷиш ва тасдиқи мунтазами маълумот ва иштирок дар арзёбии сифати маълумот (Data Quality Assessments – DQA);
- санҷиши мутобиқати маълумоти ҳисоботӣ бо ҳуҷҷатҳои аслӣ;
- муайян намудани ихтилофоти маълумот, камбудиҳои ҳисоботдиҳӣ ва нуқсонҳои сифати маълумот ва дастгирии татбиқи чораҳои ислоҳӣ;
- дастгирии таҳкими низоми идоракунии маълумот, бойгонӣ, ҳисоботдиҳӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дар байни ташкилотҳои татбиқкунанда ва шарикон;
- дастгирии таҳия ва татбиқи нақшаҳо ва тавсияҳо оид ба беҳтар намудани сифати маълумот;
- пешниҳоди роҳнамоӣ ва дастгирии техникӣ ба кормандони лоиҳа, ташкилотҳои татбиқкунанда, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, озмоишгоҳҳо ва таъминкунандагони хизматрасонӣ дар самтҳои зерин:
- мониторинг ва арзёбӣ;
- иттилооти стратегӣ;
- низомҳои ҳисоботдиҳӣ;
- ҷамъоварии маълумот;
- идоракунии нишондиҳандаҳо;
- таъмини сифати маълумот;
- мониторинги натиҷаҳо;
- дастгирии татбиқи чорабиниҳои рушди иқтидор ва омӯзиши амалӣ (on-the-job mentoring) барои ташкилотҳои татбиқкунанда ва кормандони лоиҳа;
- саҳмгузорӣ дар таҳияи маводи омӯзишӣ, дастурҳои ҳисоботдиҳӣ ва воситаҳои мониторинг;
- иштирок дар гурӯҳҳои кории техникӣ, ҷаласаҳои ҳамоҳангсозӣ, баррасиҳои грант, аудитҳо, арзёбиҳо ва миссияҳои мониторингӣ;
- дастгирии таҳкими ҳамоҳангсозӣ байни:
- воҳидҳои сохтории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО;
- Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил;
- Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ;
- озмоишгоҳҳо;
- ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- шарикони татбиқкунанда;
- Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ);
- Хазинаи Глобалӣ ва шарикони техникӣ;
- мусоидат ба мубодилаи иттилоот ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва дарсҳои омӯхташуда дар самти мониторинг, арзёбӣ, идоракунии иттилооти стратегӣ ва низомҳои ҳисоботдиҳӣ;
- саҳмгузорӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ, хулосаҳои таҳлилӣ, ёддоштҳои иттилоотӣ ва рӯнамоҳо (презентатсияҳо) барои роҳбарият ва ҷонибҳои манфиатдор;
- самаранок иҷро намудани дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби роҳбари бевосита вобаста ба мониторинг, арзёбӣ, иттилооти стратегӣ ва фаъолияти ҳисоботдиҳӣ супорида мешаванд.
4. Тартиби ҳамоҳангсозии институтсионалӣ
Корманди мазкур бевосита ба Роҳбари Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи ҳисобот медиҳад ва фаъолияти худро дар ҳамоҳангии зич бо сохторҳои зерин анҷом медиҳад:
- воҳидҳои дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО;
- Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил;
- Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ;
- шарикони татбиқкунанда ва озмоишгоҳҳо;
- ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ);
- Хазинаи Глобалӣ ва шарикони техникӣ.
5. Салоҳиятҳо
Салоҳиятҳои асосӣ
Ноил шудан ба натиҷаҳо
- кори худро банақшагирӣ ва пайваста мониторинг менамояд;
- ба ҷузъиёти кор диққати махсус медиҳад;
- вазифаҳоро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро менамояд.
Тафаккури навоварона
- нисбат ба ғояҳои нав ва роҳҳалҳои амалии масъалаҳо муносибати кушода дорад;
- имкониятҳои такмил ва беҳбудиро муайян менамояд.
Омӯзиши пайваста
- нисбат ба омӯзиш муносибати фаъолона ва кушода дорад;
- дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худро бо дигарон мубодила менамояд.
Мутобиқшавӣ бо чандирӣ
- ба тағйирёбии афзалиятҳо ва талаботи амалиётӣ зуд мутобиқ мешавад;
- дар шароити номуайянӣ ва фишори корӣ муносибати созанда нишон медиҳад.
Амал намудан бо қатъият
- масъулиятшиносӣ ва ҳавасмандии баландро нишон медиҳад;
- дар шароити душвор низ ба натиҷаҳои пешбинишуда ноил мегардад.
Ҳамкорӣ ва шарикӣ
- муносибатҳои мусбати кориро бо дигарон барқарор менамояд;
- малакаҳои самараноки муошират ва ҳамкориро нишон медиҳад.
Пешбурди гуногунрангӣ ва фарогирӣ
- гуногунрангиро эҳтиром намуда, муносибатҳои фарогири кориро ташвиқ менамояд.
Салоҳиятҳои байнисоҳавӣ ва техникӣ
Идоракунии фаъолият – Мониторинг
Қобилияти пешниҳоди маълумоти мунтазам ба роҳбарият ва ҷонибҳои манфиатдор оид ба пешрафти татбиқи лоиҳа, натиҷаҳои барнома ва дастовардҳои он.
Идоракунии фаъолият – Арзёбӣ
Қобилияти гузаронидани арзёбиҳо дар асоси далелҳо ва дастгирии равандҳои беҳтар намудани натиҷаҳо ва таъмини ҳисоботдиҳӣ.
Самти тиҷорат ва стратегия – Тафаккури низомӣ
Қобилияти таҳлили низомҳо ва равандҳои ба ҳам алоқаманд ва дарки таъсири қарорҳои барномавӣ ба фаъолияти амалиётӣ.
Самти тиҷорат ва стратегия – Музокирот ва таъсиррасонӣ
Қобилияти ноил шудан ба ҳамдигарфаҳмӣ, мусоидат ба муколама ва дастгирии ҳалли муштараки масъалаҳо байни ҷонибҳои манфиатдор.
Рушди фаъолият – Эҷоди дониш
Қобилияти анҷом додани таҳқиқот, таҳлили иттилоот ва табдил додани он ба донишҳои амалӣ ва тавсияҳои муассир.
Идоракунии шарикӣ – Идоракунии муносибатҳо
Қобилияти ҳамкорӣ бо доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор ва нигоҳ доштани муносибатҳои самараноки шарикӣ ва ҳамкорӣ.
Рақамикунонӣ ва навоварӣ – Таҳлили маълумот
Қобилияти ҷамъоварӣ, таҳлил, тафсир ва визуализатсияи маълумот, инчунин таҳияи ҳисоботҳои таҳлилӣ ва панелҳои иттилоотӣ (dashboards).
6. Талаботи ҳадди ақали тахассусии номзади муваффақ
Маълумоти академии зарурӣ
- Дараҷаи олии таҳсилот (магистр ё муодили он) дар яке аз самтҳои зерин:
- тандурустии ҷамъиятӣ;
- эпидемиология;
- биостатистика;
- низомҳои иттилоотии тандурустӣ;
- тиб;
- илмҳои иҷтимоӣ;
- иқтисодиёт;
- ё дигар ихтисосҳои ба вазифа алоқаманд.
- Гузаштани омӯзишҳои иловагӣ дар самтҳои мониторинг ва арзёбӣ, иттилооти стратегӣ, эпидемиология, омор ё таҳлили маълумот хеле афзалиятнок мебошад.
- Дараҷаи бакалавр бо таҷрибаи иловагии дахлдори корӣ метавонад ба ҷойи дараҷаи магистр қабул карда шавад.
Таҷрибаи ҳадди ақали кории зарурӣ
- Ҳадди ақал 5 соли таҷрибаи касбии дахлдор дар соҳаи мониторинг ва арзёбӣ, иттилооти стратегӣ, ҳисоботдиҳӣ ё мониторинги натиҷаҳои барномаҳо;
- Таҷрибаи корӣ дар барномаҳои тандурустии аз ҷониби донорҳо маблағгузоришаванда хеле афзалиятнок мебошад;
- Таҷрибаи корӣ дар барномаҳои дастгиришавандаи Хазинаи Глобалӣ бартарӣ ҳисобида мешавад;
- Таҷрибаи корӣ дар барномаҳои ВНМО ва/ё бемории сил хеле афзалиятнок мебошад;
- Таҷриба дар самти низомҳои иттилооти стратегӣ, таҳлили маълумот, низомҳои ҳисоботдиҳӣ ва идоракунии нишондиҳандаҳо;
- Таҷрибаи гузаронидани боздидҳои мониторингӣ, назорати дастгиркунанда (supportive supervision) ва арзёбии сифати маълумот (Data Quality Assessments – DQA);
- Таҷрибаи ҳамкорӣ бо:
- муассисаҳои давлатӣ;
- ташкилотҳои байналмилалӣ;
- ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- муассисаҳои тандурустӣ;
хеле афзалиятнок мебошад.
- Таҷрибаи истифодаи компютер ва барномаҳои офисӣ (MS Word, Excel, PowerPoint ва ғайра);
- Таҷрибаи кор бо пойгоҳҳои додаҳо, низомҳои ҳисоботдиҳӣ, воситаҳои таҳлили маълумот ва визуализатсияи маълумот хеле афзалиятнок мебошад.
Малакаҳо ва салоҳиятҳои иловагии дилхоҳ
- Дониши мукаммали принсипҳо ва методологияи мониторинг ва арзёбӣ;
- Донистани чорчӯбаи нишондиҳандаҳои иҷроиш ва талаботи ҳисоботдиҳии Хазинаи Глобалӣ;
- Малакаҳои қавии таҳлил ва тафсири маълумот;
- Малакаҳои хуби таҳияи ҳисобот ва гузаронидани рӯнамоҳо (презентатсияҳо);
- Малакаҳои қавии ташкилӣ ва ҳамоҳангсозӣ;
- Қобилияти идора намудани якчанд самти корӣ ҳамзамон ва фаъолият дар шароити фишори корӣ;
- Малакаҳои баланди муошират ва пешбурди муҳокимаҳо;
- Донистани низомҳои иттилооти стратегӣ ва низомҳои иттилоотии тандурустӣ хеле афзалиятнок мебошад.
Забонҳои зарурӣ
- Донистани озодонаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- Дониши кории забони англисӣ хеле афзалиятнок мебошад.
7. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои довталабон
Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
а) Тарҷумаи ҳол (CV), ки дар он ҳамаи вазифаҳои қаблан ишғолшуда, вазифаҳои асосӣ, муҳлати фаъолият, тахассус ва маълумоти тамоси ҳадди ақал се шахси тавсиядиҳандаи касбӣ нишон дода шудаанд;
б) Номаи ҳавасмандӣ (Cover Letter), ки дар он довталаб асоснок менамояд, ки чаро худро барои ишғоли ин вазифа мувофиқ меҳисобад;
в) Дар ҳолати зарурат метавонад пешниҳоди маводи иловагӣ вобаста ба таҷрибаи касбии довталаб талаб карда шавад.


