Шиносоии Саломуддин Юсуфӣ бо раванди корҳои сохтмонии клиникаи наздиколлеҷии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

Санаи 14-уми майи соли равон муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ

ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои сохтмонии анҷомшудаи клиникаи наздиколлеҷии муассиса боздид ба амал овард.

Номбурда зимни боздид бо рафти корҳои сохтмонии анҷомшуда шинос шуда, ба сатҳу сифати иҷрои корҳо, риояи муҳлатҳои муайянгардида ва истифодаи босамари имкониятҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Роҳбарияти муассиса иттилоъ дод, ки корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, барои сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода супоридани иншооти ҷашнӣ, ки ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад, тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Ҳамчунин, роҳбари муассиса изҳори умедворӣ намуд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав, имкониятҳои таълимӣ боз ҳам беҳтар гардида, барои донишҷӯён шароити муосири таҳсил фароҳам оварда мешавад.

Дар анҷоми боздид ба масъулини соҳа ва сохтмончиён ҷиҳати риояи меъёрҳои сохтмонӣ, дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва тезонидани раванди сохтмон дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки бунёди иншооти мазкур барои беҳтар намудани шароити таълим ва омодасозии мутахассисони соҳаи тиб, гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва мукаммал гардонидани малакаҳои касбии донишҷӯён аҳамияти муҳим дошта, ба рушди низоми тандурустии кишвар мусоидат менамояд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译