Суғд. Машғулиятҳои амалӣ ва омӯзишӣ барои нозир-коргузорони сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот

Дар вилояти Суғд бо дастгирии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кумаки техникии лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” машғулиятҳои амалӣ ва омӯзишӣ барои нозир – коргузорони сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят оид ба раванди амалисозии механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат имрӯз, 10 июн оғоз гардида, то санаи 14 июни соли равон давом меёбанд.

Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар партави иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №488 “Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади таҳким бахшидани малакаи касбии нозир – коргузорони сатҳи ҷамоатҳо ташкил карда шудааст.

Дар рафти чорабинӣ шунавандагон оид ба ҳадафи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кори иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақсад ва тартиби расонидани кумакҳои иҷтимоӣ, механизми расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ва қоидаҳои назорати дастраснамоии он ба аҳолӣ, кор бо аҳолӣ ва меъёрҳои ахлоқии рафтори нозир-коргузорон маълумот мегиранд. Ҳамчунин, онҳо бо тартиби кори системаи иттилоотии кумаки унвонии иҷтимоӣ (АСИСТ) ва бо чораҳои фаъоли мусоидат ба шуғли аҳолӣ шиносоӣ пайдо карда, дарсҳои амалии заруриро барои азхудкунии тартиби коргузорӣ дар самти таъин ва пардохти кумакпулӣ мегузаранд.

Ҷиҳати дастгирии методӣ шунавандагон бо маводи зарурӣ барои истифода дар кор таъмин хоҳанд шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Баҳри болидарӯҳии бошандагони Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода бахшида ба ҷашни Наврӯз чорабинии идона доир гашт

«Ҳуқуқи кӯдак, саломатии кӯдакон ва рушди Мактаби модарони оянда»

Бахшида ба баргузории Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия нишасти матбуотӣ доир гашт

Қазоқистон. Ба имзо расидани эъломияи муштарак-“Ояндаи солим барои минтақаи баҳри Арал”

Иштирок ва суханронии Зулфия Абдусаматзода дар конференсияи минтақавӣ доир ба «Идоракунии тағйиротҳо: роҳҳои ба инсон нигаронидашудаи устувории демографӣ»

Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram