Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

18-уми январи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, сардори Раёсати танудурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода,  сардорони як қатор раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода  он дастуру  супоришҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 17-уми январи соли равон зимни Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа ироа гардиданд, ба самъи ҳозирин расонид.

Дар идомаи ҷаласаи мазкур масъалаҳои пешгирии фавти модар ва кӯдак, бемориҳои сироятӣ, ба такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони соҳа  ва як қатор масъалаҳои дигар низ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор  гирифтанд.

Дар анҷоми ҷаласаи корӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва дар ин замина боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Таҳлили фаъолияти марказҳои кори ҳамширагӣ ва кормандони миёнаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Search