Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Имрӯз, 15-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии кишвар ҳамоиши идона доир гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Нахуст филми кутоҳ доир ба ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу оромии кишвари азизамон манзури тамошобинон гардонида шуд.

Сипас, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони кишвари азизамонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии кишвар табрику шодбош гуфт.

Тавре зикр гардид, ҳамасола 16 ноябр дар кишвари азизамон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Бояд қайд қард, ки тибқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, шакли идораи  он Президентӣ мебошад.

-Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки ҳанӯз 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз рӯзи ид муқаррар гардидани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст,-гуфта шуд дар ҳамоиши идона.

Ҳамзамон қайд гардид, ки бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдат, ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрую нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр ҳамчун рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Воқеан ҳам, хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷикон, барқарорсозии ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.

Дар воқеъ, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

Ҳамин  аст, ки бо пушти сар гузоштани ҳар сол дарк ва шинохти мардум аз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқтар мегардад. 

Маҳз ба шарофати сиёсати муваффақона, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиштагии Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи  миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.

Тавре маълум аст, дар як давраи басо душвор ин марди олиму оқил ва фозилу хирадманд давлатро аз вартаи нестшавӣ наҷот додаву мардумро атрофашон мутаҳҳид сохта, дар кишвар фазои оромиву осоиштагӣ ва ваҳдату якдилиро ҳукмрон  намуданд.

Пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта анҷомбахши ҳамоиши идона буд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара Маркази ташхис ва табобатиро ба истифода доданд

Вохурии Ғафур Муҳсинзода бо президенти Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилҳо Сезар Горридо

Search