ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 33-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШУРОИ ОЛӢ

Имрӯз, 13-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии кишвар ҳамоиши идона доир гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Саломуддин Юусуфӣ, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, роҳбарони сохторҳои зертобеъ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.

Сипас, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони кишвари азизамонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфт.

Тавре зикр гардид, ҳамасола 16 ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Бояд қайд қард, маҳз дар ҳамин рӯзи солҳои 1992 ва 1994 тақдири миллати тоҷик дигар шуд ва ба бахти ин миллати соҳибтамаддун фарзанди баруманде ба арсаи сиёсат қадам гузошт, ки тақдири ояндаи миллату давлати хешро бар душ гирифта, Тоҷикистонро аз як кишвари ноорому ҷангзада ба як давлати рушду пешрафта ва зебову гулгулшукуфон табдил дод.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳанӯз 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Ҳамзамон, маҳз 16-уми ноябри соли 1992 зимни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гашта буданд.

Бо гузашти солҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардум, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳам оварандаи шароити арзанда барои мардуми кишвар ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шуданд.

Иброз гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳои ба сиёсат гузоштани худ савганд хурданд, ки охирин шаҳрванди гурезаи Тоҷикистонро ба Ватан бармегардонанд, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якҷоягӣ дар заминаи Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони тозаистиқлолро месозанд.

Вақт нишон дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор, фаросати азими мардумпарварона, ватанпарастӣ ва эҳсоси баланди миллиашонро ба гарав монда, орзу ва хостаҳои мардуми тоҷикро бароварда сохтанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон ҷони худро дар хатар монда, сулҳу салоҳ ва оромии комилро дар кишвар барқарор намуданд.

Зимни чорабинии идона иброз шуд, ки заҳмату талош ва кӯшишҳои пайваста ва рузафзуни ин шахсияти барҷастаи миллат баҳри пешрафт, ободию муаррифии шоистаи кишвар дар сатҳи ҷаҳон собит месозад, ки Сарвари давлат ба ҳама ҷашну идҳои миллии мо пайвастагӣ доранд. Чунки маҳз бо талошҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷашнҳои Рӯзи Истиқлолият, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи забон, Рӯзи модар ва даҳҳо иду ҷашнҳоро ботантана дар фазои осоишта таҷлил менамоем. Рӯзи Президент низ дар қатори дигар ҷашну рӯзҳои ифтихориамон бо корнамоиҳои Пешвои миллат алоқамандии зич дошта, муқаррар шудани ин рӯз чун ҷашни алоҳида шаҳодати эҳтирому эътимоди мардуми кишвар ба шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тавре маълум аст, дар як давраи басо душвор ин марди олиму оқил ва фозилу хирадманд давлатро аз вартаи нестшавӣ наҷот додаву мардумро атрофашон мутаҳҳид сохта, дар кишвар фазои оромиву осоиштагӣ ва ваҳдату якдилиро ҳукмрон намуданд.

Чи тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон иброз медоранд, ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст.

“Бо эътимод ва боварии комил метавон изҳор намуд, кишваре, ки онро чунин фарзанди ҷоннисори миллат аз вартаи нобудшавӣ наҷот додаву бар ивази давраи тиллоии умр, яъне ҷавонӣ, бар ивази шабзиндадориҳову заҳматҳои бепоён ва бар ивази аз худ гузаштанҳову ҷон ба гарав гузоштанҳо бунёд ва гулгулшукуфон кардааст, ҳатман ояндааш дурахшон хоҳад буд”,-дар анҷоми баромади хеш қайд кард Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар охири чорабинӣ доир ба ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу оромии кишвари азизамон филми кутоҳ манзури тамошобинон гардонида шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search