Таҷлили Рӯзи Модар дар вазорат

Имрӯз, 06-уми марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори фарорасии Рӯзи Модар чорабини идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва занону бонувони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми занону бонувони мамлакатро ба муносибати фарорасии яке аз ҷашнҳои зебову фархунда- Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар кишвари азизамон санаи 8-уми март бо шукуҳу шаҳомати хоса қайд карда мешавад, табрику шодбош намуда, ба ҳар кадоми он хушбахтиву саодатмандӣ, рӯзгори пур аз файзу баракат, осоиши хонадон ва дар кору фаъолияти минбаъдаашон барору муваффақиятҳои нав ба навро таманно намуд.

Аз ҷумла таъкид гашт, ки Рӯзи Модар иди ҳар зан ва ҳар хонавода буда, бешубҳа, дар тарбияи аҳли ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ин рӯзи саид инсонҳоро бори дигар ба бузургдошти Модар, эҳтирому гиромидошти шахси азизтарини ҳар кадоми мо ҳидоят менамояд.

“Мусаллам аст, ки пояи асосии пойдорӣ ва оромии ҷомеа, бешубҳа ба зан вобаста аст, аз ин рӯ болида гардонидани руҳияи онҳо ба воситаи эҳёи ин ҷашн ба манфиати маънавии миллати тоҷик мебошад.

Рӯзи Модар ба хотири арҷмандӣ ва эҳтироми самимӣ нисбат ба занони покдомани миллат, тарбиядиҳандагони фарзандони солими Ватан, пайвастан ба ифтихору номуси миллӣ, эҳтиром гузоштан ба ин ҷашни зебои тақдимдоштаи аҷдоди пуршарафи худ ба модарон ва ниҳоят ба хотири худшиносӣ ва бедории миллӣ таҷлил карда мешавад”,-иброз дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Вобаста ба бузургии Зан-Модар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Модарон на танҳо ояндаи фарзандони худ, балки ояндаи миллатро низ месозанд. Аз ин рӯ, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои модарон ва занон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати мо мебошад”.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «дар таърихи тамаддуни башар шоир, нависанда ё файласуферо пайдо кардан маҳол аст, ки дар васфи зан ва иззату эҳтироми ӯ сухане нагуфта бошад, зеро зан-модар сарчашмаи ҷовидонии ҳаёт ва манбаи эҷод аст. Ниёгони соҳибхиради мо барои наслҳои инсоният доир ба эҳтирому бузургдошти зан-модар суханҳои пурҳикмат ва пурарзиш ба ёдгор мондаанд.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти комили миллӣ дар доираи сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои маҳбуби миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалат ва ҷойгоҳи занону бонувон дар кишвар ба маротиб боло рафта, барои кору фаъолият ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат тамоми тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуданд.

Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста роҷеъ ба бузургдошти модарони азиз ҳарф зада, ба мақому манзалати онҳо ҳамеша арҷ мегузоранд.

Дар ин замина, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: “мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”.

Ҳамзамон,Президенти мамлакат иброз доштанд, ки масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем.

Маҳз натиҷаи дастгириву ғамхориҳои доимӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат ба ин қишри ҷомеа буд, ки имрӯзҳо занону бонувон дар баробари мардон дар тамоми самту соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар фаъолияти пурсамар дошта, дар рушду пешрафти Ватани азизамон саҳми арзишманди хешро гузошта истодаанд.

Боиси сарфарозист, ки нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Имрӯзҳо саҳми занону бонувони мамлакат дар рушду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар назаррас буда, иштироки фаъолонаи онҳо дар маҷмуъ баҳри рушду пешрафти Ватани азизамон баръало мушоҳида мегардад.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ занону бонувон дар тамоми бахшҳо, чӣ дар соҳаи илм, чӣ дар соҳаи таълиму тарбия, чӣ дар бахшҳои ташхису табобат, аз ҷумла анҷом додани мураккабтарин амалиётҳои ҷарроҳӣ ва чӣ дар сатҳи роҳбарӣ айни ҳол бомуваффақият кору фаъолият намуда истодаанд, саҳми эшон низ дар пешрафти соҳа назаррас мебошад.

Дар идомаи чорабинии идона ба занону бонувон аз ҷониби роҳбарияти вазорат туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search