Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, имрӯз, санаи 4-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.

Ҳабибулло Хайруллозода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни суханронии худ иброз дошт, ки “Забони адабии тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонии ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки дорои таърихи беш аз се ҳазорсола буда, дар тӯли асрҳо осори пурарзишу мондагори илмию адабӣ ва таърихӣ бо ин забон офарида шудааст. Ин мероси гаронбаҳо дар ғанӣ гардондани хазинаи тамаддуни башарӣ саҳми назаррас дорад”.
Гуфта шуд, ки забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлоли давлатӣ ба яке аз рукнҳои асосии таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии ҷомеа табдил ёфтааст. Дар рушду густариш ва таҳкими мақоми забони давлатӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург ва муассир мебошад. Бо талошу ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат як қатор қонунҳо ва қарорҳои муҳими марбут ба забони давлатӣ қабул ва татбиқ шуданд, ки боиси боло рафтани нуфуз ва манзалати забони тоҷикӣ дар ҷомеа ва арсаи байналмилалӣ гардиданд.
Дар ҷараёни чорабинии бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, Юсуфзода Фахриддин, сардори раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз пешрафти забони тоҷикӣ дар замони истиқлол ёдовар шуд.
Дар идомаи чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳар яки мо бояд дар роҳи ҳифзу гиромидошти ин арзиши муқаддас масъулиятшинос бошем, зеро забон на танҳо воситаи муошират, балки таҷассумгари андешаи миллӣ, фарҳанг, таърих ва ҳувияти ҳар як халқ ба шумор меравад. Пас, забони давлатиро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз ва пос дорем.