Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар соҳаи тандурустӣ ва ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум

Имрӯз, 6-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Релитс Рокер ва намояндагони шуъбаи кумакҳои хориҷии ҳукумати ин кишвар вохӯрӣ намуд.

Нахуст, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуд.

Дар доираи вохӯрӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба муҳлати панҷ сол ба имзо расонида шуд, ки қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар ин соҳа ба ҳисоб меравад.

Гуфта шуд, ки созишномаи мазкур ӯҳдадории муштараки ҷонибҳоро ҷиҳати дастгирии афзалиятҳои миллии тандурустии Тоҷикистон, аз ҷумла пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва сил, инчунин таҳкими бехатарии ҷаҳонии тандурустӣ тавассути такмили ошкорсозӣ ва вокуниш ба бемориҳои сироятӣ муайян менамояд.

Дар доираи ин ҳамкорӣ, ҷонибҳо ният доранд иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ошкорсозӣ, гузоришдиҳӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои тандурустии ҷамъиятӣ тақвият бахшанд. Чорабиниҳои муштарак ба рушди низоми муттаҳидшудаи миллии назорат ва вокуниш ба бемориҳо мусоидат намуда, такмили шабакаҳои озмоишгоҳӣ, низомҳои иттилоотӣ ва механизмҳои ҳамоҳангсозиро дар бар мегиранд.

Ҳамчунин, Ёддошти тафоҳум кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таҳкими захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ ва тавсеаи истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ дар саросари кишвар дастгирӣ менамояд.

Штатҳои Муттаҳидаи Америка ният дорад барои татбиқи афзалиятҳои муштарак кумаки молиявӣ ва техникӣ пешниҳод намояд, ки дар ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ ба стратегияҳои миллӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳаҷми умумии сармоягузории муштарак дар доираи ин Ёддошти тафоҳум то соли 2030 тақрибан 78 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 38 миллион доллар саҳми Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва 40 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зимни маросими имзогузорӣ Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор намуд, ки ин созишнома қадами муҳим дар таҳкими шарикии мо ва беҳтар намудани саломатии аҳолӣ мебошад. “Мо ба ҳамкории дарозмуддати худ бо Штатҳои Муттаҳида, бахусус дар самти мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва таҳкими бехатарии тандурустӣ, баҳои баланд медиҳем. Мо аз дастгирӣ ва шарикии доимии Штатҳои Муттаҳида қадрдонӣ намуда, ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо умед мебандем”.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо баҳри густариши ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро дар ин самт иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Эълони ҷойи кори холӣ дар филиали ширкати “Нормека Интернешнл АС” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search