Берлин: Ҳамкории Тоҷикистон ва ТУТ баррасӣ гашт

14-уми октябри соли равон дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии федеративии Олмон дар доираи баргузории Саммити умумиҷаҳонии тандурустӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо Директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге вохурӣ намуд. Дар вохурии мазкур ҳамзамон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок дошт.

Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири мамлакат аз номи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаноби Ҳанг Клюге барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳамкориҳои ин ташкилоти бонуфӯзи байналмилалӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.

Дар ин замина, қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то минтақа саломатии аҳолӣ таъмин бошад. Намунаи таҷрибаи пешқадам дар ин самт ҳуҷҷати ниҳоии ҷаласаи 5-уми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, “Харитаи роҳ”-ро оид ба дастгирии саломатӣ ва некӯаҳволии кишварҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ кардааст.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки самтҳои кунунии рушди соҳаи тандурустӣ дар кишвар- масъалаҳои марбут ба таҳкими кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ислоҳоти маблағгузории бахш бо таваҷҷӯҳ ба фарогирии умумии тиббӣ, рақамикунонӣ, дастрасӣ ба доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, инчунин масъалаҳои тавонбахшии маъюбон ва истифодаи технологияҳои ёрирасон барои баланд бардоштани сифати зиндагии онҳо ба шумор мераванд.

Ҳамин тавр, зимни вохурӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардида, ҳамзамон дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба низ муайян гардиданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search