Дар шаҳри Турсунзода Маркази ташхисию табобатии Ҳафиза мавриди истифода қарор гирифт

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар шаҳри мазкур Маркази ташхисию табобатии Ҳафиза мавриди баҳрабардорӣ қарор  гирифт.

Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти навбунёди тандурустӣ аз 33 утоқи корӣ иборат буда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он 33 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.

Зимни боздид меҳмонон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароиту имконоти дар он муҳайёгардида баҳои баланд дошта, роҳбарият ва кормандони маркази мазкурро барои ифтитоҳи чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ табрик гуфтанд.

Дар ин замина, аз кормандони Маркази ташхисию табобатии Ҳафиза даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз чунин имкониятҳои  фароҳам овардашуда тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри таъмини солимии аҳолӣ равона созанд.

Иншооти навбунёд аз шуъбаҳои қабулгоҳ, ултрасадо, дандонпизишк, озмоишгоҳ, гинекология, физиотерапия ва ғайра иборат, буда, дорои 66 кати табобатӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки ин маркази ташхисию табобатӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар самти боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҷидов Зикрулло сохта ба истифода дода шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Вохурӣ бо шарикони рушд

Франсия: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар вохурии сатҳи баланд оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search