Мулоқот бо роҳбарият ва кормандони «Шифобахш»

Имрӯз, 18-уми октябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба  Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ташриф оварда, бо роҳбарият ва кормандони маркази мазкур мулоқот намуд.

Зимни мулоқот вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкурро ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии давлату  Ҳукумати мамлакат дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҷалб кард.

Дар идомаи мулоқот масъалаҳои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии фавт, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат, одоби муошират бо беморон ва наздикону пайвандони онҳо, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар байни кормандони соҳа ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

“Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон”

Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Поиск