Тақдими таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ ба вазорат

6-уми майи соли равон аз ҷониби Намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 227 адад мошини CИПАП (таҷҳизот барои таъмини фишори пайвастаи мусбати роҳҳои нафас) ва 300 адад консентратои оксигенӣ бо лавозимоти иловагӣ тақдим карда шуд.

Дар маросими тақдими таҷҳизотҳои мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Зимни қабули таҷҳизот ва лавозимотҳои тиббӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед аз ҳамкориҳои судманди вазорат бо ЮНИСЕФ ёдовар шуда, кӯмаки навбатии ин ташкилоти бонуфузро идомаи ҳамкориҳои судманди дуҷониба арзёбӣ кард.

Қайд гардид, ки кӯмаки мазкур барои такмил ва баланд бардоштани иқтидори соҳа дар пешниҳоди ёрии тиббии марбут ба ҳалли мушкилоти роҳҳои нафаси навзодон ва таъмини чунин таҷҳизот ба шахсони эҳтиёҷманд равона карда шудааст.

Таҷҳизоти мазкур ба 73 муассисаҳои нигоҳубини неонаталӣ дар саросари кишвар тақсим карда, инчунин давраҳои омӯзишӣ доир ба нигоҳубини роҳҳои нафас ва истифодабарии таҷҳизот баргузор мегардад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search