Хоруғ: бинои замонавии Коллеҷи тиббӣ ба истифода дода шуд

Хоруғ: бинои замонавии Коллеҷи тиббӣ ба истифода дода шуд
Декабр 17
06:11 2019

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Хоруғ бинои замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ» мавриди истифода қарор дода шуд.

Зимни ифтитоҳи бинои мазкур Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ иштирок намуданд.

Раиси вилоят Ëдгор Файзов тамоми кормандон ва шогирдони ин боргоҳро табрик гуфта, барои ғамхориҳои пайваста нисбат ба мардуми Бадахшон ва мавриди истифода  қарор додани чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ дар шаҳри Хоруғ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  изҳори сипос намуд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз намуд, ки то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят ва шаҳри Хоруғ дар баробари ин боргоҳи илму маърифат боз чандин биноҳои дигар қомат афрохта, симои шаҳри Хоруғ ва вилоят куллан тағйир хоҳад ëфт.

Бояд гуфт, ки танҳо давоми солҳои 2016-2017 барои омодасозии лоиҳа ва оғози корҳои сохтмонии  Коллеҷи тиббии мазкур 802 ҳазор сомонӣ маблағ масраф карда шуда буд.

Соли 2018 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди корҳои сохтмонии иншооти мазкур  маблағи 3 миллион сомонӣ масраф намуд, ки ҳаҷми маблағгузорӣ дар се сол 3 миллиону 802 ҳазор сомониро дар бар гирифт.

Соли 2019 вазорат барои иншооти  мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ  5 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ва тибқи  фармоиши  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №32-ф аз ҳисоби маблағҳои буҷети умумиҷумҳуриявӣ барои сохтмони иншооти “Коллеҷи тиббӣ барои 240 донишҷӯ ва хобгоҳ барои 70 ҷой дар шаҳри  Хоруғ” илова 6 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми маблағггузории иншоот соли 2019 11 миллиону 500 ҳазор сомониро дар бар гирифт.

То имрӯз маблағи ҷудогардида пурра иҷро гардида, корҳои сохтмонии иловагие, ки дар лоиҳаи корӣ ва харҷномаи иншоот ба инобат гирифта нашудааст ва маблағи 1 миллиону 29 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Лоиҳаи кории сохтмони Коллеҷи тиббӣ барои 240 донишҷӯ ва хобгоҳ барои 70 ҷой дар шаҳри Хоруғ аз тарафи Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК “Корезлоиҳа” лоиҳабандӣ гардида, харҷномаи он маблағи 16 миллиону 387 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ,  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои сохтмону васлгарӣ, омодасозии лоиҳаи корӣ ва дигар хароҷотҳо  14 миллиону 430 ҳазор сомонӣ ва барои таҷҳизоту лавозимотҳои таълимию тиббӣ ва мебелҳо 872 ҳазор сомонӣ масраф  намудааст, ки дар умум барои мавриди истифода қарор додани бинои асосиии иншоот, ки аз се ошёнаи таълимӣ ва ду ошёнаи хобгоҳи донишҷӯён, инчунин, иншоотҳои ёрирасон иборат мебошад, маблағи 15 миллиону 302 ҳазор сомонӣ масраф намудааст.

Аз ин лиҳоз, вазорат бо дарназардошти вазъи маблағгузории иншоот тасмим гирифт, ки соли 2019 бинои асосии  Коллеҷи тиббии мазкурро, ки иборат аз се ошёнаи таълимӣ ва ду ошёнаи хобгоҳи донишҷӯён, инчунин, тагхонаи биноро бо иншоотҳои ёрирасон сохта мавриди истифода қарор диҳад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар нимаи аввали соли 2020 бинои толорои варзишӣ ва толори маҷлисгоҳро сохта, бо пуррагӣ мавриди истифода қарор  диҳад.

Бинои “Коллеҷи тиббӣ барои 240 донишҷӯ в хобгоҳ барои 70 ҷой дар шаҳри Хоруғ”  аз 5 ошёна ва тагхона иборат мебошад.

Дар тагхонаи иншоот ошхона ва толори хӯрокхӯрӣ барои 64 ҷойи нишаст, сехи гӯшт, сехи нонпазӣ, сехи маҳсулоти сабзавотӣ, шустушӯйхона, бойгонӣ, анборхона ва ҳуҷраи  таҷҳизотҳои барқӣ ҷой гирифтаанд.

Дар ошёнаи якуми иншоот Маркази саломатии шаҳрии №”-и шаҳри Хоруғ бо 9 ҳуҷраи корӣ бо дармонгоҳи алоҳида ҷойгир карда шудааст.

Инчунин, дар ин ошёна ташхисгоҳи фармокологӣ барои 16 ҷойи нишаст, микробиологӣ барои 16 ҷойи нишаст, як синфхона барои 20 ҷойи нишаст, инчунин, ҳуҷраи сармуҳосиб ва хизинадорӣ, ҳоҷатхона ва ҳуҷраки навбатдори муассиса ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи дуюм 4 синфхона барои 80 ҷойи нишаст, ташхисгоҳи биокимиявӣ барои 16 ҷойи нишаст, як синфхона барои 20 ҷойи нишаст, инчунин, ҳуҷраи сармуҳосиб ва хазинадорӣ, ҳоҷатхона ва ҳуҷраи навбатдори муассиса ҷудо гардидаанд.

Дар ошёнаи сеюм се синфхона барои 60 ҷойи нишаст, 5 ҳуҷраи кории муаллимон, қабулгоҳ, ҳуҷраи директор ва муовини директор, инчунин, ду ҳоҷатхонаи  мардона ва занона ва ду шустушӯйхона ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи чорум 2  синфхона барои 40 ҷойи нишаст, ду ҳуҷраи хӯроктайёркунӣ, 10 ҳуҷраи хоб барои 32 ҷой, ду ҳоҷатхонаи мардона ва занона ва шустушӯйхона ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи панҷум китобхона бо толори хониш барои 22 ҷой, ду ҳуҷраи хӯроктайёркунӣ, 12 ҳуҷраи хоб барои 38 ҷой, ду ҳоҷатхонаи мардона ва занона ва ду шустушӯйхона ҷойгир карда шудааст.

Ғайр аз ин, иншоот бо трансфарматори алоҳидаи барқии 400кВа, ҳафзи пасобпартоӣ, инчунин, дар ҳар як ошёна таҷҳизоти барқии гармидиҳии аҳолида ва лифт насб карда шудааст.

Илова бар ин, барои синфхонаҳои дарсӣ 15 адад компютер, инчунин, 4 адад тахтаи электронӣ (доска) бо проекторҳо таъмин карда шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,028
  • 1,242
  • 950,048