Мирҳамуддин Камолзода: «Корхонаҳои дӯзандагӣ дар як шабонарӯз аз 5 то 30 ҳазор дона ниқоб истеҳсол мекунанд»

Мирҳамуддин Камолзода: «Корхонаҳои дӯзандагӣ дар як шабонарӯз аз 5 то 30 ҳазор дона ниқоб истеҳсол мекунанд»
Март 16
14:24 2020

Имрӯз истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар якчанд корхонаҳои дӯзандагии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноҳид», ҶДММ «Сифат саноат», ҶДММ «Фарм Текс», ҶДММ «Нассоҷӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Нури Ховар» ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ машғул буда, дар як шабонарӯз  аз 5 то 30 ҳазор дона ниқоб истеҳсол мекунанд. Дар ин бора муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар мавриди истифодаи дурусти ниқобҳои тиббӣ Мирҳамуддин Камолзода иброз дошт, ки  ниқобҳои тиббӣ ҷой ва техникаи пӯшидан доранд. Пӯшдани он танҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: дохили биноҳои серодам ва  нақлиёти ҷамъиятӣ тавсия дода мешавад. Инчунин гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас (зуком) метавонанд аз ниқобҳо истифода баранд, зеро онҳо тавассути сулфа, атса ва гапзанӣ вирус ва дигар барангезандаҳоро ба муҳити атроф паҳн менамоянд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зикр намудааст, ки ниқобҳои тиббӣ  аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале онҳо хатари сироятро кам  менамоянд. Пӯшидани ниқобҳои тиббӣ метавонад сабаби маҳдуд шудани бемориҳои роҳи нафас гардад. Вале, танҳо истифодаи ниқоб кафолати ҳифз намудан аз сироятро надорад, бояд ҳамчунин чораҳои дигари пешгирикунанда аз вируси КОВИД-19 риоя карда шаванд.

Ба тавсияи мутахассисон, барои пешгирӣ аз коронавирус бояд ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, ба  пардаҳои луобӣ: бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонад.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ягон ҳолати гирифторшавӣ ба вируси нав ба қайд гирифта нашудааст. Новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқол наёфтани сирояти мазкур ба мамлакат пурзӯр карда мешаванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ медиҳад, ки  аз 1 феврал то 14 марти соли равон 1603 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ба  карантин фаро гирифта шудаанд. Айни замон 323  нафар дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  зери назорати карантинӣ мебошанд.

АКС:лаҳзаи корӣ дар  ҶДММ «Фарм Текс». Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 962
  • 1,242
  • 949,982