Кумакҳои тиббӣ ва ғизоӣ ба беморхонаи марказӣ ва табибони Муъминобод

Кумакҳои тиббӣ ва ғизоӣ ба беморхонаи марказӣ ва табибони Муъминобод
Май 15
09:44 2020

Дар доираи татбиқи ташаббусу иқдомҳои иҷтимоӣ ва бо пайравӣ аз хислатҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус-COVID-19 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аз ҷониби ниҳодҳои масъули давлатӣ ва соҳибкорони хайрхоҳ ба беморхонаи марказии ноҳия ва табибон кумаки моддӣ ва маводи тиббӣ расонида шуд.

Аз ҷумла бо ибтикори прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба беморхонаҳои ноҳияи Муъминобод 100 дона бистар, 100 адад рахти хоб, 80 литр хлори моеъ, 480 адад маҳлули антисептикӣ супурда шуд.

Раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршозода низ бо иқдоми шахсӣ ба пизишкони Беморхонаи марказӣ 200 килограмм картошка, 20 ҷуфт либоси муҳофизатии тиббӣ, инчунин барои пешбурди корҳои безараргардонӣ дар беморхона 150 кг хлор дастрас намуд.

Ба беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод инчунин аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ се ҷуфт мӯза, 20 айнаки муҳофизатӣ, 20 либоси яккаратаи муҳофизатӣ, 300 дона ниқоби тиббӣ, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҷ. Абдураҳмонов бошад, 130 зарфи маҳлули антисептикӣ, 30 дона либосҳои муҳофизатии бисёркарата, 54 кг хлор, 300 дона ниқоб тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9 майи соли ҷорӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод бо ибтикори соҳибкор Ш. Соҳибов 39 номгӯй доруворӣ ва маводҳои муҳофизатӣ, ки ҷамъан 12190 ададро ташкил медод, дастрас карда шуд.

Табибон ва онҳое, ки дар беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод муолиҷа мегиранд, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар ашхоси саховатпеша барои кумакҳои расида, аз ҷумла маводи зарурии тиббӣ, доруворӣ ва хӯрокӣ, изҳори сипоси бепоён намуданд.

Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз  зимни мулоқоти телефонӣ бо раисони як қатор шаҳру навоҳии кишвар ба ҳамаи табибону кормандони соҳаи тиб, ки бевосита дар мубориза бо ин беморӣ ва табобати беморон машғуланд, изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳаёти ҳар як бемор аз сатҳи баланди касбӣ ва маҳорату таҷрибаи духтурон сахт вобастагӣ дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 973
  • 1,242
  • 949,993