Дар Суғд таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 доир гардид

Дар Суғд таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 доир гардид
Май 21
14:19 2020

20 май таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода, намояндаи масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар вилояти Суғд доир гардида, зимни он бори дигар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи бемории сироятӣ ба маълумоти табибон ва роҳбарони муассисаҳои тиббии вилоят расонида шуд.

Баъди шунидани ҳисоботи масъулини соҳа муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода раёсати тандурустии вилоятро вазифадор намуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат дар беморхонаҳои аз бемории сироятӣ холишуда корҳои безараргардониро оғоз намуда, ин муассисаҳоро тадриҷан ба ҳолати пешинаи муқаррарӣ баргардонанд.

Дар интиҳои ҷаласа ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас манзур гардида, ҳамзамон таъкид карда шуд, ки нисбат ба ин беморӣ ба бепарвоӣ роҳ дода нашуда, корҳо дар ин самт пурзўр карда шаванд.

Сафари кории масъули Ҳукумати Тоҷикистон Ширин Исматуллозода барои пешгирии бемории коронавируси COVID-19 дар вилояти Суғд давом дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 919
  • 1,242
  • 949,939