ШОДӢ САФАРОВ: Яке аз омилҳои асосии тарзи ҳаёти солим, ин беҳтар намудани тарбияи ҷисмонӣ мебошад

ШОДӢ САФАРОВ: Яке аз омилҳои асосии тарзи ҳаёти солим, ин беҳтар намудани тарбияи ҷисмонӣ мебошад
Май 25
15:19 2020

“Яке аз омилҳои асосии тарзи ҳаёти солим,   ин беҳтар намудани   тарбияи ҷисмонӣ мебошад, зеро   машқ  муқовимати организмро   бо таъсирҳои  номусоиди  муҳиту беморӣ  баланд мегардонад”,- мегӯяд    ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон  ба номи  С. Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шодӣ  Сафаров.

Дар зер мусоҳибаи нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи    Садриддин Айнӣ   Маҷид  Салим бо ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон  ба номи  С. Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шодӣ  Сафаров ба ин ва дигар мавзӯъҳои алоқаманд бахшида шудааст, ки пешниҳоди хонандагон мегардад:

Муҳтарам  Шодӣ  Сафаровперомуни бемории сироятии коронавируси нави COVID-19,  ки имрӯзҳо кулли кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, ҳамарӯза ҷони ҳазорон нафарро меситонадчӣ андеша доред?

Дар ҳақиқат имрӯзҳо  паҳншавии  ин беморӣ дар сархати тамоми расонаҳои ҷаҳон қарор дорад.  Албатта,  ин «вабои аср» дар Тоҷикистони азизи мо ба қайд гирифта шуда, сабаби нигаронии Ҳукумати мамлакат ва мардуми ҷумҳурӣ гардидааст. Хушбахтона, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои муассири мубориза бар зидди ин бемори таҳия ва амалӣ карда шуда, вазъи эпидемиологии  мамлакат баэътидол омада истодааст. Вале, нобояд мо рӯҳафтода бошем, зеро миллати тоҷик, ки соҳиби тамаддуни бой мебошад, ба олам шахсиятҳои бузургро ба мисли Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ  ва дигаронро додааст, ки дар илми тиб аз худ мероси  арзандае боқӣ гузоштаанд. Маълум аст, ки  вирус ва бактерияҳои  касалиовар дар курраи Замин қабл аз пайдоиши инсон арзи ҳастӣ намуда, бидуни организмҳои дигар ҳаёт ба сар бурда наметавонанд. Таърих гувоҳ аст, ки инсоният тӯли ҳастии худ борҳо ба пандемияи бемориҳои хавфноки сирояткунанда мувоҷеҳ гардидааст. Ҳамагон огоҳӣ доранд, ки бемории сироятии коронавируси нави КОВИД-19  бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ, гардӣ-ҳавоӣ ва алоқавӣ (даст фишурдан, даст расонидан ба ашёи сироятнок ва ғ.) паҳн гардида, бештар  роҳҳои нафасро  сироят менамояд.  Аз ин рӯ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шӯстани дастон бо собун ва истифода аз маҳлулҳои  антисептикӣ,  риояи фосилаи 1,5-2 метр ҳангоми гаштугузор ва суҳбат дар ҷойҳои  ҷамъиятӣ, бе зарурат аз хона набаромадани махсусан шахсони аз 60-сола боло, канораҷӯӣ намудан аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, ба рӯю бинӣ, чашм ва даҳон даст нарасонидан, бо даст салом накардан ва худдорӣ аз бӯсобӯсӣ ва оғӯш гирифтан тадбирҳои муҳими пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин беморӣ мебошанд.  Аз ин хотир, ба ҳар як фард зарур аст, ки тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намояд.  Ва  шарти муҳими пешгирӣ аз сироятшавӣ ва табобат ёфтан аз бемории COVID-19 ин роҳ надодан ба тарсу ваҳм ва таҳлука аст. Мардум бояд ба ҳар гуна   овозаю ҳангомаҳо дар атрофи ин беморӣ бовар накунанд, зеро таҳлукаю изтироб поягузори паёмади манфии равонӣ буда, масунияти организмро заиф мегардонад ва сабаби авҷ гирифтани бемориҳои дигар мегардад.

Муҳтарам Шодӣ Сафаров,   Шумо ҳамчун олими  таҷрибадор  ҳикматиақли солим дар тани солимва фалсафаирӯҳи солим дар ҷисми солим”-ро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Муасаллам аст, ки саломатӣ барои инсон муқаддастар аз ҳама молу сарвати дунёст. Бо пайдо шудани ҳаёт  таваҷҷуҳ ба  беҳдошти саломатӣ  сурат гирифта, инсоният пайваста дар пайи ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои ҳифз намудани саломатии худ мебошад.  Инсон дуруст   дарк кардааст, ки бе тани солим одам ба иҷрои ягон кор қодир  буда наметавонад.  Донишманди илми тиб Абӯалӣ ибни Сино дар  тадбири нигоҳдории тандурустӣ се чизро муҳим мешуморад: варзиш, ғизо ва хоб. Номбурда дар робита бо ин  ва илоҷи пешгирии  касалиҳои  сироятӣ маслиҳатҳои зиёде медиҳад. Аз ҷумла  ба варзиш машғул шудан, одоб ва тартиби  хуришҳо, масъалаи хоб ва бедорӣ ва ғайра. Бояд гуфт, ки ташаккули тарзи ҳаёти  солим ва  тарбияи ҷисмонӣ  ҷузъи  муҳими фарҳанги  умумӣ мебошанд, ки ба  мустаҳкам намудани саломатӣ ва  инкишофи қобилияти ҷисмонии  инсон нигаронида шудаанд.  Дар ин рӯзҳои паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави КОВИД-19  бешубҳа   иҷрои   тамринҳои гимнастикӣ, варзишҳои пагоҳирузӣ  ва машқҳои ҷисмоние ки ҳар субҳ  анҷом дода мешаванд,  ба  ҳолати руҳу равонии инсон нерӯи хеле зиёд мебахшанд.

Лутфан  мафҳуми  тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш омили  ташаккули   тарзи ҳаёти солимро шарҳ медодед?

Аввалан бояд бигӯям, ки воқеан саломатии   аҳолӣ   ин бойгарии  давлат аст.   Яке аз омилҳои асосии тарзи ҳаёти солим   ин беҳтар намудани   тарбияи ҷисмонӣ мебошад, зеро   машқ  муқовимати организмро   бо таъсирҳои  номусоиди  муҳиту беморӣ  баланд мегардонад.  Мутаассифона,  аксар одамон меъёрҳои  тарзи ҳаёти солимро  риоя намекунанд.  Масалан, як қисм одамон зуд аз ҳаракат мемонанд ва  бармаҳал пир мешаванд.  Қисми дигар  бисёр хӯрок истеъмол намуда, фарбеҳ мешаванд ва дар натиҷа  мубодилаи моддаҳо дар организм вайрон  гардида, ба бемор шудани шахс  оварда мерасонад. Аз ин рӯ, ҳаркати мунтазам ба инсон хеле муфид ва муҳим аст.  Олимон муайян кардаанд, ки   меъёри фаъолияти    ҳаракаткунии    наврасон  18-сола  25000 қадам дар давоми рӯз,  ё   3,4,5  соат давидан  мебошад.  Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино  дар бораи  ҳаракати барзиёд, ҳаракати шадид,  оромии  зиёд, ҳаракати баъди  истифроғ ва  ҳаракати баъди таъом тавсияҳои муфиде  пешниҳод намудааст, ки  на танҳо барои варзишгарон, балкӣ  ҳар як шахс  метавонад барои барқарор намудани саломатии хеш аз онҳо   истифода намояд.  Ба ин маънӣ  Абӯалӣ ибни Сино  дар асари барҷастаи хеш “Қонуни  тиб” оид ба истеъмоли ғизо дар фаслҳои сол, кам мондани ғизо дар меъда, андозаи ғизо ва миқдори таъом тартиби муайянеро пешниҳод  намуда, ҳамзамон дар он чунин гуфтааст:  “Варзиш  гармии  модарзодиро  болиш диҳад пайвандҳоро сахт кунад бар корҳо  тавоноӣ бахшад ва аз мутаассир шудан нигоҳ дорад.” Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии  бемориҳои сироятӣ дар  байни аҳолӣ аз ҷониби Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино низ бо истифодаи гиёҳҳои гуногун ва хонанишинӣ (карантин) кардани одамон, беҳдошти муҳити зист, дурӣ ҷӯстан аз ҷамъомадҳо, риоя кардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва дигар усулҳои табобатӣ пешбинӣ карда шудааст.

 Албатта, маҳз муттаҳидӣҳамдигарфаҳмӣ ва кӯмак ба якдигар имконият фароҳам меоранд, ки   мардум  ҳарчӣ зудтар аз ин беморӣ раҳо ёбанд. Дар ин росто Шумо чӣ  вокунише доред?

Мо бояд дар ин давраи ҳассос ва имтиҳони ҷиддии  ҳаёт якҷо бошем, оромию ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар атрофи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар душвортарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд, муттаҳид бошем. Танҳо бо ҳамин роҳ ва  албатта бо кӯшишу заҳмати шабонарӯзии табибон ва ворисони арзандаи  Абӯалӣ  ибни  Сино метавонем аз ин бемориӣ наҷот ёбем. Мо  кормандони соҳаи варзиши мамлакат ба табибон, ҳамшираҳои шафқат ва ҳамаи онҳое, ки дар ин рӯзҳои сахт дар беморхонаҳо барои наҷоти ҳар як инсони бемор мубориза мебаранд, изҳори сипос менамоем. Дар ин рӯзҳои мушкил табибони шарафманди Тоҷикистон вазифаи муқаддаси касбии худро бо масъулияти баланд иҷро намудаву ҷони худро ба гарав гузошта, саломатии садҳо ҳамватанонамронро барқарор месозанд. Табибон имрӯзҳо барҳақ қаҳрамонони давр мебошанд ва мисли ҷароғи равшан қалбҳои ниёзмандонро мунаввар мекунанд. Шӯълаи умеду орзуро дар қалби одамон меафрузанд.  Бешуба, мо бояд ба тарсу ҳарос дода нашавем ва ҳаргиз ноумед набошем, зеро шоир барҳақ гуфтааст:

Навмед набояд шудан аз гардиши айём,

Ҳар шом, ки ояд зӣ пайи он саҳаре ҳаст…..

Муҳтарам Шодӣ Сафаров, ташаккури зиёд барои чунин як суҳбати озод ва самимӣ!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 632
  • 1,242
  • 949,652