Ваҳдат: Гуфтугӯи озоди вазир бо шаҳрвандон

Ваҳдат: Гуфтугӯи озоди вазир бо шаҳрвандон
Декабр 10
11:56 2020

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад 9 декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз фаъолияти  шӯъбаи таваллуди  Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат боздид ба амал овард.

Зикр гардид, ки хизматрасонии босифати тиббӣ ба модарону кӯдакон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба шумор рафта, дар ин самт пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳамзамон, дар шӯъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо як қатор наздикону пайвандони беморон гуфтугӯи озод анҷом дода, доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани  хизматрасонии  тиббӣ ба модарону кӯдакон ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулини беморхонаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 911
  • 1,242
  • 949,931