Гузоштани санги асоси бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Гузоштани санги асоси бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Апрел 28
14:17 2017

Дар ноҳияи Сино Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчунин барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки арзиши умумии сохтмони бинои асосӣ тибқи ҳисобҳои пешакӣ 85 миллиону 416 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Иншооти асосӣ аз се бинои 9 ва 4 ошёна иборат мебошад.

Ҳудуди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 10,37 гектар, масоҳати умумии иншоот 15900 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати зери сохтмон ба 3643 метри мураббаъ баробар аст.

Дар бинои асосӣ бунёди толори маҷлисгоҳ бо 1000 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона бо толори хониш ва толорҳои хурди дарсӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳудуди иншоот, инчунин сохтмони се бинои нави таълимӣ, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, 4 бинои 12 ошёнаи хобгоҳ барои донишҷуён, 2 бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон, майдону толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, бинои озмоишгоҳ, майдони теннис, минтақаи хоҷагӣ ва боғ дар назар дошта шудааст. Инчунин дар қисми даромадгоҳи асосии донишгоҳ бунёди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино пешбинӣ гардидааст.

Паймонкори бинои марказӣ ва таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” СТС “иншоот” буда, лоиҳаи он аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шаҳрофар” таҳия гардидааст.

Дар соли 2017 барои корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ҷудо кардани 10 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи бинои асосӣ аз ташхиси давлатии сохтмон гузаронида шуда, барои иҷрои корҳои бунёдӣ омода мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорон дастур доданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат ин даргоҳи илм бо тарҳи муосиру таҷҳизоти тиббии замонавӣ солҳои дароз бояд ба мардум хизмат расонад.

Дар ин бора аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 691
  • 1,242
  • 949,711