Кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд

Кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд
Март 29
10:37 2021

Дар доираи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо маъракаи ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе бомаром идома дорад.

Дар баробари дигар кормандони муассисаҳои тандурустии пойтахт имрӯз, 29 марти соли равон кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки 8 марти соли 2021 дар чаҳорчӯби механизми Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ба қисми якуми ваксина дар ҳаҷми 192 000 воя тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки бақияи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Бояд гуфт, ки тибқи нақша нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм   ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,596
  • 2,153
  • 988,178