Ҷамолиддин Абдуллозода бо менеджери Барномаи СММ оид ба вируси норасоии масунияти одам (UNAIDS) мулоқот намуд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо менеджери Барномаи СММ оид ба вируси норасоии масунияти одам (UNAIDS) мулоқот намуд
Май 25
18:15 2021

Имрӯз, 25 майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо менеджери Барномаи СММ оид ба вируси норасоии масунияти одам (UNAIDS)  Ниссо Косимова мулоқот намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аснои мулоқот иброз дошт, ки давоми солҳои охир сатҳи гирифторшавии шаҳрвандон ба  вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар мамлакат коҳиш ёфта, маҳз бо таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон баҳри ташхис ва табобати ин сироят дар кишвар  шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои гузаронидани омӯзиши биобевиоралии сирояти ВНМО дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, дастгирии фаъолият оид ба пешгирии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак, дастгирии фаъолияти назорати сирояти ВНМО дар муассисаҳои тиббӣ, алахусус дар шӯъбаҳои кӯдакон ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, дар мулоқот ҷонибҳо доир ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба вируси норасоии масунияти одам, ки тибқи қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллили Муттаҳид (МУ СММ) рӯзҳои 8-10 июни соли 2021 дар қароргоҳи СММ баргузор мегардад, мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,059
  • 1,242
  • 950,079