Иштирок ва суханронии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар маросими хатми ботантанаи донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Иштирок ва суханронии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар маросими хатми ботантанаи донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ
Июн 03
16:34 2021

3-юми июни соли ҷорӣ дар толори Синои МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” маросими хатми тантанавии донишҷӯёни донишгоҳ ва супоридани “Дипломи аъло” ба хатмкунандагони фаъол, ки аз курсҳои олии таълимӣ гузашта, имтиҳоноти хатми давлатиро бомуваффақият супоридаанд, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, Раёсати донишгоҳ бо роҳбарии ректор н.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ, хатмкунандагону донишҷӯён ва волидайну меҳмонон иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Гулзода М. Қ. сараввал ҳамаи донишҷӯёни хатмкунандагонро барои анҷоми бомуваффақияти донишгоҳ таҳният намуда, ба онҳо барои иҷрои рисолати баланди касбӣ комёбиҳо орзу намуд. Профессор Гулзода М. Қ. хатмкунандагонро ба фаъолияти пурсамар, садоқат ба касби пурифтихори табибӣ ҳидоят намуда, аз дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд намуд, ки Роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон ба масоили мубрами ҳаёти ҷавонон таваҷҷуҳи беандоза зоҳир мекунад. Ҷавонони мо бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунанд, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошанд, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доранд, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя намоянд, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз карда, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо оваранд. Бо таваҷҷуҳ ба мавқеи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар омода намудани кадрҳои тиббии кишвар, ректори донишгоҳ қайд намуд, ки ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино тӯли фаъолияти босамар 50000 мутахассиси дорои таҳсилоти олии тиббиро тайёр намудааст ва онҳо на танҳо дар дохили кишвар, ҳатто берун аз он низ маъруф гардидаанд. Арзишмандтарин потенсиали донишгоҳ ҳайати профессорону омӯзгорон ба ҳисоб мераванд, ки бо самимият тамоми ҳастии худро баҳри таълиму тарбияи насли наврас бахшидаанд. Ректори донишгоҳ бо муроҷиат ба хатмкунандагон таъкид намуд, ки ба даст овардани диплом оид ба хатми донишгоҳ– ин маънои хотима не, балки давомнокӣ ва оғоз намудани роҳ ба сӯи илм: ҷараёни мураккаб, самарабахш, вале ҷолиб ва шаъну шараф мебошад. Дар пеш хатмкунандагонро санҷиши ҷиддии касбӣ интизор аст. Профессор Гулзода М.Қ. бо боварии комил иброз намуд, ки хатмкунандагон аз ӯҳдаи вазифаҳои муқарраргардида ба хубӣ баромада, фаъолияти худро дар соҳаи илм ва тандурустӣ бо шаъну шараф идома хоҳанд дод.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло низ зимни баромад бо ироаи таманниёти табрикӣ ба хатмкунандагон, қайд намуд, ки хатми бомуваффақияти ин муассисаи бонуфузи таълимӣ, мояи ифтихор аст. Солимии миллат боигарии давлат аст. Хамткунандагони имрӯзаи МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” , ки табибони оянда мебошанд, бояд ворисони воқеии Синои бузург бошанду афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқро идома диҳанд ва дар фаъолият содиқонаю софдилона ба давлату миллат хизмат намоянд.

Сипас, чанде аз профессорон- устодони собиқадори донишгоҳ, ки тӯли шаш сол ба ин донишҷӯён- хамткунандагони имрӯза дарсҳои назариявию амалӣ гузаронида, онҳоро то ба давраи имтиҳоноти хатм ҳамроҳӣ намуданд, ибрози ақида карда, зикр доштанд, ки дар шароити кунунӣ барои таълиму тарбияи ҷавонон тамоми шароитҳо мавҷуд аст ва мисоли равшани ин гуфтаҳо, бешубҳа, имконоти таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда метавонад. Хатмкунандагони донишгоҳ бо масъулияти баланд ба имтиҳонҳои хатм омодагӣ дида, онҳоро бо муваффақият супориданд, ки дар ин ҷода нақши устодони донишгоҳ бағоят бузург аст. Устодон хатмкунандагони худро табрик намуда, дар корҳои касбӣ ва илмӣ-тадқиқотии минбаъдаи онҳо комёбиҳои беназир таманно карданд.

Хатмкунандагон ва чанде аз волидайни хатмкунандагон суханронӣ карда, иброз доштанд, ки имрӯз давлату ҳукумат барои бо ҷойи кор таъмин гардидани ҷавонон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, бояд мо ҷавонон ҷавобан ба ҳамаи ин имконияту ғамхориҳо пайваста меҳнат карда, барои ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон саъю кӯшиш намоем.

Дар поёни чорабинӣ маросими ёд намудани “Савганди табиб (Ҳиппократ)” бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва “Суруди табибон” садо дод, то табибони оянда бо ҳисси масъулияти бузург аз ин Савганднома ба таври ҳамаҷониба истифода намуда, ба ин савганд содиқ монанд.

Аз таърих ба мо маълум аст, ки ҳар риштае аз илму дониш ва касбу ҳунар саргузашти хоси худро дорад. Масалан, адабиёт таърихан ин вазифаро доштааст, ки мардумро барои дифои Ватан барангезад ва шуҷоати онҳоро боло барад, то ин ки ба муқобили душман истодагарӣ карда тавонанд. Ҳар як байти «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ чун шиорест дар роҳи мубориза бар зидди душманони миллат ва давлати мо. Ба ин муносибат метавон афзуд, ки илми тиб низ дар ибтидои пайдоиши худ барои беҳбуди ҷисмӣ ва рӯҳии қавму миллатҳои ҷаҳон созмон дода шудааст. Ба сабаби он, ки илми тиб дар саҳнаи зиндагӣ аз ҳама муҳимтар ва густурдатар буд, барои татбиқи он қонуну қоидаҳои бисёр ҷиддӣ муайян гардида буданд ва яке аз онҳо “Савгандномаи Гиппократ” аст. Онро табиб ва файласуфи машҳури юнонӣ Ҳиппократ (460-370 қабл аз мелод) барои ба танзим даровардани қонуну қоидаҳои илми тиб тартиб додааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки соли ҷорӣ донишгоҳро 1572 нафар донишҷӯён хатм намуданд. Дар чорабинии имрӯза ба 40 нафар хатмкунандагони фаъол, ки бо баҳои аъло хатми донишгоҳ намуданд, тантанавор “Дипломи аъло” тақдим карда шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 902
  • 1,242
  • 949,922