Шиносоии Намояндаи USAID оид ба тандурустӣ дар Тоҷикистон бо вазъи нигоҳдории ваксинаҳои зидди бемории COVID-19

Шиносоии Намояндаи USAID оид ба тандурустӣ  дар Тоҷикистон бо вазъи нигоҳдории ваксинаҳои зидди бемории COVID-19
Ноябр 15
14:29 2021

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи нигоҳдории вояҳои ваксинаҳои зидди бемории коронавирус, ки дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19  вориди Тоҷикистон шудаанд, имрӯз, 15 ноябри соли равон  Намояндаи USAID оид ба тандурустӣ  дар Тоҷикистон Кристофер Баррет аз анбори махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ваксинаҳои зидди бемории COVID-19 нигоҳдорӣ мешаванд, дидан намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ваксинаҳои зидди бемории COVID-19 дар анбори махсуси вазорат ва дар яхдонҳои махсус тибқи талаботи  муқарраргардида нигаҳдорӣ шуда, дар асоси нақшаи пешбинишуда бо нақлиётҳои махсус ба муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии кишвар интиқол дода мешаванд.

Зимни суҳбат бо хонум Кристофер Баррет муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати расонидани вояҳои ваксинаҳои зидди бемории коронавирус ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуда, ин ташаббусро идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди  ду кишвар арзёбӣ намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 712
  • 1,242
  • 949,732