Масъулини вазорат бо рафти хизматрасонии тиббии Беморхонаи марказии шаҳри Норак шинос шуданд

Масъулини вазорат бо рафти хизматрасонии тиббии Беморхонаи марказии шаҳри Норак шинос шуданд
Апрел 04
11:39 2022

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарии сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири марказии  вазорат  Мирзоалӣ Раҷабзода ба шаҳри Норак ташриф  оварда, бо фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри мазкур шинос шуданд.

Дар ҷараёни боздиди хеш масъулини вазорат бо рафти хизматрасонии муассисаи мазкур шинос шуда, инчунин бо беморон суҳбати озоду ошкоро анҷом додаву аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонӣ пурсон шуданд.

Инчунин, масъулини вазорат бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур вохурӣ намуда, вазъи хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ дар шаҳри мазкур мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳадаф аз ташрифи масъулини вазорат-ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки роҳбарияти вазорат низ бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 958
  • 1,242
  • 949,978