Дар шаҳри Душанбе баррасии муштараки соҳавӣ оид ба масъалаҳои таъмини об, санитария ва беҳдошт (WASH) баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе баррасии муштараки соҳавӣ оид ба масъалаҳои таъмини об, санитария ва беҳдошт (WASH) баргузор гардид
Март 31
18:00 2022

Ҷиҳати татбиқи якумин баррасии соҳа ва зерсоҳаҳои таъмини об, санитария ва беҳдошт ЮНИСЕФ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуд

Баъд аз татбиқи раванди амиқи машваратҳо бо вазоратҳо ва шарикони рушди асосӣ, аввалин баррасии соҳавӣ оид ба масъалаҳои таъмини об, санитария ва беҳдошт (WASH) баргузор гардид. Чорабинии мазкур санаи 31 марти соли 2022 таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳадафи чорабинии мазкур аз таҳлили вазъияти соҳа (WASH) ва зерсоҳаҳо, (WASH дар шаҳрҳо, WASH дар деҳот, WASH дар муассисаҳо ва WASH-и башардӯстона) бо назардошти панҷ пояҳо иборат буд. Пояҳои мазкур зерин мебошанд: 1) Сиёсат ва стратегия, 2)Тартиботи муассисавӣ, 3) Маблағгузорӣ, 4) Банақшагирӣ, мониторинг, баррасӣ ва 5) Рушди зарфият. Ҳадафи онҳо таҳкими роҳбарии ҳукумат дар равандҳои банақшагирии соҳа, таҳияи стратегияҳои устувори маблағгузории бахши об ва санитария, тақвият ва истифодаи низомҳои кишвар, инчунин истифодаи платформаи ягона ва муштараки масъулият мебошанд. Инчунин, раванди мазкур таҳлили ҳамаҷониба ва амиқи эҳтиёҷот ва зарфиятҳои бахши WASH-ро дар бар гирифта, ба  вазоратҳо ва шарикони соҳа тақдим карда шудааст. Илова бар ин, раванди мазкур ҳамчун як намуна дар самти муассисавӣ намудани баррасиҳои муштараки соҳа дар Тоҷикистон хизмат хоҳад намуд, ки ҳадафи онҳо ҷоннок намудани пешравӣ ва тарғибу ташвиқи иттилооти асоснок оид ба тақсимоти захираҳо ва сафарбаркунӣ дар соҳаи WASH мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 908
  • 1,242
  • 949,928