Ҳамкориҳои вазорат бо ТУТ дар бахши КАТС густариш меёбанд

Ҳамкориҳои вазорат  бо ТУТ дар бахши КАТС густариш меёбанд
Май 26
16:25 2022

26 майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо  роҳбари Дафтари Бюрои минтақавии ТУТ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон хонум Мелита Якаб мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот ҳамзамон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, сардорон ва мудирони шӯъбаҳои дахлдори вазорат иштирок намуданд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хонум Мелита Якабро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазорат бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Инчунин номбурда доир ба вазъи соҳаи КАТС дар Тоҷикистон ба Мелита Якаб маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон модели кумаки аввалияи тиббиро дар асоси равиши тибби оилавӣ қабул ва давоми даҳ соли охир барои рушд ва таҳкими ин  соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Айни замон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи рушди КАТС дар заминаи тибби оилавӣ барои солҳои 2021-2025 амалӣ шуда истодааст, ки дар он масъалаҳои ҷорӣ ва афзалиятноки рушди соҳа инъикос ёфтаанд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, хосатан дар бахши КАТС ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Дар охир вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский ба Изҳороти муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд  ҷиҳати тақвияти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд, ки дар он афзалият ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи КАТС дар Тоҷикистон баён шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 721
  • 1,242
  • 949,741