Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 17 ноябри соли равон дар деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бинои нави таваллудхонаи деҳоти мазкур ба истифода дода шуд.
Бояд гуфт, ки таваллудхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” сохта шудааст.
Таваллудхонаи мазкур аз 4 кат иборат буда, он бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ҷиҳозонида шудааст.
Қайд гардид, ки ба истифода додани таваллудхонаи муосир туҳфаи хубе бахшида ба ду ҷашни муҳиму таърихӣ- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони деҳаи мазкур мебошад.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода зимни суханронӣ дар назди бинои таваллудхона сокинони ин деҳаро барои чунин руйдоди фараҳбахш табрик намуда, иброз дошт, ки маҳз дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар давоми солҳои охир чунин муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ сохта ба истифода мешаванд ва ин раванд идома дорад.
Дар навбати худ сокинони деҳоти Зидеҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин ғамхорӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.