Натиҷаи татбиқ гардидани механизми “кортҳои шаҳрвандӣ”

Натиҷаи татбиқ гардидани механизми “кортҳои шаҳрвандӣ”
Январ 25
16:07 2023

Вобаста ба такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарӣ  дар муассисаҳои тиббии деҳоти  16 ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ноҳияи Файзобод тавассути усулҳои муосири маблағгузории соҳаи тандурустӣ,  маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият”(МАНФ), бо ҳамбастагӣ дар такмили иқтидори кадрӣ, ҳолати инфрасохтор ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС, ки аз ҳадафҳои калидии татбиқ гардидани Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дониста мешавад як зумра корҳои амалӣ ба сомон расонида шудаанд.

Азнавсозии марказҳои саломатии деҳот, таъмин намудани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, нақлиёти ёрии тиббӣ ва хизматрасонӣ,   таъмири копиталии як қатор муассисаҳои тиббии  зери сарпарастии он қарордошта аз ҳадафҳои аслии Лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” арёбӣ мегардад. Ҳавасманд намудани кормандони муассисаҳои тиббӣ, барои беҳтаргардонӣ, фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳо, зиёд намудани пардохтҳо барои кормандони тиб, ҷиҳати  кам намудани пардохтҳои ғайрирасмӣ ва баланд бардоштани масъулияти онҳо барои натиҷаҳои ниҳоӣ, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои тиббӣ аз ҳисоби додани мустақилияти бештар ба менеҷерон барои аз ҳисоби маблағҳои МАНФ харид намудани маҳсулотҳои зарурии хизматрасонии тиббӣ, зиёд намудани маблағ барои хизматрасонии афзалиятноки КАТС тариқи маблағҳои иловагӣ ва дастгирии моддӣ, аз ҳадафдои навбатии Лоиҳа унвон мегардад, ки дар тули татбиқи он корҳои назарраси зиёда ба сомон расонида шудаанд.

Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ аз қабилӣ:  А. Ҷомӣ, Кушониён, Кулоб, Ҳамадонӣ, Ёвон, Фархор, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён ва Данғараи вилояти Хатлон, ноҳияҳои Спитамен, Деваштич, Зафаробод,  Ҷ.Расулов ва Масчоҳи вилояти Суғд, ноҳияи Файзободи НТМ, ноҳияи Дарвози ВМКБ амалӣ мегардад, дар рушди низоми хизматрасонии тиббӣ нақши кадирӣ иҷро менамояд.

Ҳамин аст, ки гузаронидани вохуриҳо бо аҳолӣ бобати дарёфти камбудиву пешниҳодоти аҳолӣ дар беҳбудии низоми хизматрасонии тиббӣ ва ё худ роҳандозии механизми Кортҳои шаҳрвандӣ аз ҳадафи навбатии Лоиҳа дониста мешавад.

Ҳамин аст, ки вобаста ба густариши ҳамкорӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустӣ, дар доираи    механизми кортҳои шаҳрвандӣ дастгири карда мешавад. Механизми мазкур тибқи дастурҳои аз нав дида баромадашуда дар асоси таҷриба ва омӯзиш дар доираи Лоиҳа тақвият дода мешавад.   Дар доираи ин чорабиниҳо аҳолии деҳот метавонад бидуни ширкати табибон дар бораи муваффақияту камбудиҳои соҳа ва сифати хизматрасонӣ андешаву пешниҳодҳои худро таввасути пурсишномаҳои таҳияшуда иброз кунанд. Дар соли 2022 бо мақсади татбиқи механизми мазкур дар муассисаҳои ноҳияҳои таҷрибави вилояти Суғд шартнома бо ташкилоти ҷамъиятии “Субҳи Тандурустӣ” ба маблағи 34910 доллари ИМА баста шуд. Дар нимсолаи якуми соли равон аз тарафи ташкилотҳои ҷамъияти “Субҳи Тандурусти” ва “Умедбахш” даврҳои якум ва дуюми вохуриҳо бо аҳоли ва кормандони тибби марказҳои саломатии деҳоти ноҳияҳои таҷрибави гузаронида шуд. Вохӯриҳои мазкур дар 264 маркази саломатии деҳот бо фарогирии 14783 нафар аз ҷумла, 4893 нафар кормандони тиб ва 9890 нафар аҳолии вобасташуда роҳандозӣ гардиданд. Аз рӯи тақсимоти ҷинсӣ занон дар байни иштирокчиёни вохӯриҳо бартарӣ доранд, ки 11899 нафар ё 80,5%-и ташкил медиҳанд, 2884 нафар ё 19,5%-и боқимонда мардон мебошанд.  Дар доираи механизми мазкур сифати хизматрасониҳо аз рӯи 4 қисмат баҳогузори карда шудаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби аҳоли ба ҳисоби миёна аз 72% то 82% ва аз тарафи кормандони тиб аз 75% то 83% баҳогузорӣ карда шудааст.

Аз руи натиҷаҳои ҳосилшуда, аҳолӣ ва кормандони марказҳои саломатӣ аз татбиқ гардидани Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” қаноатманд буда,  аз дастгириҳои бобати боло бурдани вазхи хизматрасонии тиббӣ изҳорӣ сипос менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,063
  • 1,242
  • 950,083