Омӯзишҳои вижа барои кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Омӯзишҳои вижа барои кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ
Июл 14
10:30 2023

Рӯзҳои 11-13 июли соли 2023 Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷиистон” (ҲБСТ) дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” (МҶҲАБС) дар доираи Лоиҳаи USAID оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон омӯзиши серӯзаро барои намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ аз гӯшаву канори кишвар баргузор намуд.

Омӯзиш бо сухани ифтитоҳии Сафаралӣ Наимов, диретори иҷроияи ҲБСТ, Рустам Нуров, директори МҶҲАБС ва паёмҳои зиддисиливу шӯхиҳои  намакини ҳаҷвнигори маъруфу маҳбуб, сафири пешгирии сил Ҷамшеди Ҳалим оғоз гардид.

Дар омӯзиш масъалаҳои зерин баррасӣ гардид: беҳтар кардани дарёфти бемории сил ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, истифодаи дастгоҳи рентгени сайёр бо зеҳни сунъӣ, тақвияти корҳои ташкилӣ, ҳамоҳангсозӣ, ҳамкорӣ ва баланд бардоштани иқтидор дар самти дарёфти ҳама гуна шаклҳои бемории сил, фаъолияти якҷояи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои зиддисилӣ дар самти пайгирии самараноки алоқамандони беморони сил, муҳиммияти дастгирии руҳӣ-эҳсосии шахсони аз сил осебдида барои беҳтар намудани риояи табобат.

Мутахассисони варзидаи соҳаи силшиносӣ ба намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ нозукиҳои пайгирӣ, дарёфту табобат, истифодаи дастгоҳи рентгении сайёр бо зеҳни сунъӣ ва дастгирии руҳӣ-эҳсосии шахсони аз сил осебдидаро омӯзониданд.

Мақсад аз баргузории ин омӯзиш баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти пайгирии алоқамандон, дарёфти саривақтии ҳамаи шаклҳои бемории сил, истифодаи дастгоҳҳои замонавии рентгенӣ бо зеҳни сунъӣ ва дастгирии руҳӣ-эҳсосии шахсони аз сил осебдида барои баланд бардоштани риояи бабобат буд.

Интизор меравад, ки иштирокчиёни ин омӯзишҳо донишу малакаи ба даст омадаро барои  баланд бардоштани самаранокии муборизаҳои зиддисилӣ истифода намоянд.

Дар анҷом ба иштирокчиёни омӯзиш гувоҳиномаҳо тақдим гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,038
  • 1,242
  • 950,058